Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҲМУДОВ Шароф

МАҲМУДОВ Шароф

nophotoМАҲМУДОВ Шароф (таваллуд 23. 2. 1931, ш. Конибодом), ходими давлатию партиявии советӣ, вазири адлияи РСС Тоҷикистон Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Соли 1955 факултети  ҳуқуқшиносии УДТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1955-58 аъзои суди вилояти Ленинобод, 1958-62 ҷонишини суди ш. Чкалови вилояти Ленинобод, 1962—71 аъзои Суди Олии РСС Тоҷикистон, 1971— 78 ҷонишини вазир, аз октябри 1978 вазири адлияи РОС Тоҷикистон Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Доир ба масъалаҳои маҳкумияти шартӣ, категорияи корҳои гражданӣ ва ғ. асарҳо таълиф кардааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медаль ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ao. Вопросы применения условного осуждения к лишению свободы с обязательным привлечением осужденного к труду, Д., 1971; Подготовка некоторых категорий гражданских дел к судебному разбирательству, Д., 1973; Ответственность за неосторожность, ҳаммуал, бо В. Б. Квашисом, Д., 1975.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …