Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲМУДИ ТОРОБӢ

МАҲМУДИ ТОРОБӢ

nophotoМАҲМУДИ ТОРОБӢ (соли таваллуд номаълум, деҳаи Тороби ш. Бу­хоро — вафот 1238, наздикии ш. Кар­тина), роҳбари шӯриши халқии зидди феодалони муғул ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна 1238). Маҳмуди Торобӣ аз оилаи ҳунарманд буда, ғалберсозӣ мекард. Аз номи зодгоҳаш ӯро Торобӣ номидаанд. Маҳмуди Торобӣ аз хоҳараш касби табибиро низ омӯхта бисёр одамонро табобат намудааст ва дар байни мардум обрӯю эътибори зиёде пайдо кардааст. Ӯ дар Тороб ва гирду атрофи он бо хашму ғазаб баромад карда, халқро ба муборизаи зидди метилогӣ ром ва тарафдорони онҳо даъват мекард. Ҳукуматдорони Бухоро аз путтҳои Маҳмуди Торобӣ тарсида, борҳо ба куштани ӯ кӯшиш кардаанд. Вале Маҳмуди Торобӣ ҳар дафъа аз ниятҳои ғаразноки душманонаш пай бурда, ҷон ба саломат мебурд. Ниҳоят бо сардории ӯ бар зидди зулму истибдоди истилогарони муғул ва феодалони маҳаллӣ шӯриши халқ cap зад, ки он дар таърих бо номи Шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.

Муаррихони асрҳои миёна, ки асарҳои худро аз нуқтаи назари намояндагони синфҳои доро таълиф мекарданд, ин шӯриш ва алалхусус шахсияти худи Маҳмуди Торобӣро бо кинаву адоват ба қалам додаанд. Мас., Чунин навиштааст, ки Маҳмуди Торобӣ худ ода­ми девонатабиат буда, ба вай фақат одамони пастфитрат пайравӣ мекар­данд. Вале дар асл Маҳмуди Торобӣ муборизи собитқадам ва соҳибтадбири роҳи озодии аҳли меҳнат буд. Аз ин ҷост, ки Маҳмуди Торобӣ дар таърихи халқи тоҷик ва диг. халқҳои Осиёи Миёна мақо­ми барҷаста дорад. Ниг. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972; Бартольд В. В., Соч., т. 1, М., 1963.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …