Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ

МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ

nophotoМАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 4587, Балх), хушнавис ва мусиқидони форс-тоҷик. Падараш Хоҷа Исҳоқи Шаҳобӣ, яке аз соҳибмансабони дарбори Дармешхон буд. Ҳангоми Ҳиротро фатҳ кардани Убайдуллоҳхон (1529) оилаи Маҳмуди Сиёвушонӣ ба Бухоро кӯчид. Дар Бухоро нозукиҳои санъати хаттотиро аз Миралии Ҳиротӣ омӯхта, дар ин пеша забардасти замон гашт. Дере нагузашта ба Балх ҳиҷрат кард ва то охири умр он ҷо монд. Дар Балх ба омӯхтани мусиқӣ пардохта, махсусан дар навохтани уд шӯҳрат ёфт. Дар хаттотӣ пайравӣ устодаш буда, асосан аз китобату тартиб додани қитъа таъмини маишат менамуд. Осори боқимондаи ӯ девони Ҳилолӣ (1559), «Мунтахаби дафтар»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ» (1562), «Нафахот-ул-унс»-и Ҷомӣ (1586), «Бӯстон»-и Саъдӣ ва чанд намунаи қитъаҳояш дар китобхонаҳои Эрон маҳфузанд.

К. Махсумоф.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …