Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲМУДИ ШОНАКӢ

МАҲМУДИ ШОНАКӢ

nophotoМАҲМУДИ ШОНАКӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишинос, созанда ва олими форс-тоҷики асри 15. Дар Ҳирот таваллуд ёфта­аст. Санъати мусиқиро аз мусиқишиносони маъруфи давраш Амир Муртаз, Хоҷа Юсуфи Бурбон омӯхт. Маҳмуди Шонакӣ чун навозанда ва ҳофизи боистеъдоди марсияхон дар Ҳирот ва ноҳияҳои он машҳур буд. Барий такмили ҳунар ба Астаробод, Шероз, Исфаҳону Табрез сафар кард. Ба «Рисолат-уш-шарафия»-и Абдулмӯъмини Урмавӣ тафсир навиштааст. Мусиқишинос Паҳлавон Абусаиди Румӣ, ҳофизи машҳури ҳамон давр Юсуфи Андиҷонӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд.

Л. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …