Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАҲМУДИ ШАБУСТАРӢ

МАҲМУДИ ШАБУСТАРӢ

nophotoМАҲМУДИ ШАБУСТАРӢ Ибни Абдукарим (1252, Шабустар, наздикии Табрез— 1320, ҳамон ҷо), файласуф, шоир, мутафаккири асрҳои 13—14. Асарҳои ӯ достони «Гулшани роз», рисолаҳои «Кава-ул-ҳақоиқ», «Шаҳиднома», «Мираъот-ул-муҳаққиқин», ки ба за­бони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд, асосан масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва ирфониро дар бар мегиранд. Ақоиди фалсафии Маҳмуди Шабустарӣ ба таълимоти машшоиён қаробат дошта, низ аз унсурҳои пантеистию деистӣ холӣ нест. Аз ҷумла, Маҳмуди Шабустарӣ аз мавқеи пантеизми ирфонӣ (ваҳдати вуҷуд) ба ҳалли масъалаҳои муҳими фал­сафӣ, аз қабили таносуби кулл ва ҷузъ, ваҳдат ва касрат, зот ва сифот, вуҷуд ва мавҷуд, ботин ва зоҳир (муносибати байни худо, олам, одам ва дарки моҳияти онҳо) пардохтааст. Ба ақидаи Маҳмуди Шабустарӣ ҳама воқеъ дар замону макон буда, бо ҳам алоқаманд ва аз як манбаъ мебо­шанд. Худо, оламу одам аз мум аслу моҳият аз якдигар ҷудо набуда, дар ҳамбастагӣ вуҷуд доранд. Аммо ӯ ягонагиро дар моҳияти илоҳӣ медид. Ба ақидаи Маҳмуди Шабустарӣ ваҳдат ҷиҳати вуҷуди ботинӣ ва касрат ҷиҳати мавҷуди зоҳирист. Пантенами Маҳмуди Шабустарӣ тобиши номиналистӣ ва материалистӣ дорад. Мафҳуми «кулл» ба худо, «вуҷуд» ба ҷузъ, «касрат» ба мавҷудот вобаста мешавад. Яъне кулл (худо, моҳияти илоҳӣ) ба туфайли ҷузъ (моддиёт) мавҷуд ва ошкор аст. Маҳмуди Шабустарӣ тасдиқ мекард, ки табиат дар тағйир ва инкишофи доимист ва ашё тавассути зиддият ба вуҷуд меояд. Ба ақидаи ӯ аз омезиши чор унсур (оташ, ҳаво, об, хок) — маъдан, аз маъдан — растаниҳо, аз растаниҳо — ҳайвонот ва аз авҷи ка­молоти олами ҳайвонот одам ба вуҷуд омадааст. Маҳмуди Шабустарӣ одамро тимсоли замини илоҳӣ ва муродифи ҷаҳон шумурда, узвҳои одам (Олами Сағир)-ро ба ашёи Олами Кабир монанд медонад. Маҳмуди Шабустарӣ ақида дошт, ки ориф дар сурате ба васли худо мерасад, ки худро аз ҳама моддиёт пок гардонад. Дар натиҷа одам монанди «хатти истино» рост, пок шу­да ба дараҷаи «инсони комил» расида, адли ҳақиқӣ ҷорӣ мегардад. Маҳмуди Шабустарӣ орифи озодфикр буда, ислому шариатро воситаи ба ҳақиқат ноил шудан не, балки занҷири асорат мешуморад. Ба ифодаи шариат пӯст, «барбастаи ҷону тан», «халали роҳи солим» аст. Маҳмуди Шабустарӣ ба муқобили таассуб ва адовати динию мазҳабӣ баромада, дар байни Қаъба, куништу дайр фарқ намегузошт, рӯҳониёни мутаассибро ба ҷоҳилию гумроҳӣ муттаҳам мекард. Таълимоти Маҳмуди Шабустарӣ, ба инкишофи афкори иҷтимоии мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна таъсири калон расондааст. «Гулшани роз» ба бисьёр забонҳо тарҷума шу­да, дар бисёр мамлакатҳо интишор ёфтааст (дар Австрия, Германия, Англия, Италия, Ҳиндустон, Туркия ва ғ.).

Ад.: Гулшани адаб, ч 2,. Д., 1074; Крымский А., История Персии, её литературы и дервишской теософии, т. 3, М., 1914—15; история персидской и таджикской литературы. Под ред. Яна Рипки, М., 1970;

В. Исматов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …