Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАҲМУДИ ҚОШҒАРӢ

МАҲМУДИ ҚОШҒАРӢ

nophotoМАҲМУДИ ҚОШҒАРӢ ибни Ҳусайн ибни Муҳам­мад (1029—38, Қошғар —соли вафот номаълум), муаррих, географ ва забоншиноси туркизабони Осиёи Миё­на. Маълумоти тарҷимаиҳолӣ хеле кам аст. Маҳмуди Қошғарӣ дар давраи ҳукмронии Қарахониён зиндагӣ ва эҷод карда, борҳо дар сӯҳбати олимони Бухоро ва Самарқанд ҳузур ёфта буд. Ӯ бо асари худ «Девону луғот-ит-турк» машҳур гаштааст. Асар доийр ба забони туркӣ, хусусиятҳои он, этимологияи баъзе истилоҳот, дар бораи халқҳои Осиёи Миёна ва ғ. маълумотҳои гуногунро дар бар мегирад. Маҳмуди Қошғарӣ ба асар харитаи дунёро ҳамроҳ намудааст. Дар харита шаҳрҳо, деҳаҳо, кӯҳҳо, биёбонҳо, ағбаҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. хеле аниқ акс ёфтаанд. Номҳои Шош (Тошкент), Самарқанд, Хуҷанд, Марғинон (Марғелон) Қуба (Кува), Косой, Қошғар, Ерканд, Ҷайҳун (Аму), Хаворазм (Хоразм), Русь, Саколибо (Славянҳо) ва ғ. низ вомехӯранд. Мероси илмии Маҳмуди Қошғарӣ манбаи муҳимест барои омӯзиши таъриху географияи асрҳои миёнаи мамлакатҳои Шарқ.

Ас.: Туркий сузлар девони (Девону луғот ит-турк), (3 ҷилд), Тошкент, 1900—63.

Ад.: Ҳасанов Х., Маҳмуд Кошғарӣ, Тошкент, 1963.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …