Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАҲМУДИ ҒИЖДУВОНӢ

МАҲМУДИ ҒИЖДУВОНӢ

nophotoМАҲМУДИ ҒИЖДУВОНӢ Маҳмуд ибни Шайх Алӣ ибни Имомуддини Ғиждувонӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), муаррих ва сайёҳи асри 16 тоҷик. Маҳмуди Ғиждуыонӣ ҳамроҳи устодонаш Шайх Камолуддин Ҳусайни Xоразмӣ ва Шайх Ҳоҷимуҳаммади Хабушонӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Эрон сафар кардааст. Соли 1543 дар асоси хотироти худ асари «Мифтоҳ- ут-толибин» («Калиди толибилмон»)-ро навишт. Фаслҳои алоҳидаи асар ба воқеаву ҳодисаҳои таърихие, ки дар Хоразм, Бухоро, Са­марқанд, Машҳад, Марв, Ҳирот ва Нисо ба вуқӯъ омадаанд, бахшида шудаанд. Маҳмуди Ғиждуыонӣ инчунин роҷеъ ба урфу одат, тарзи зиндагӣ, савдо, табиат, шаклҳои заминдории халқҳои Осиёи Миёна маълумоти пурарзиш медиҳад. Шоири ӯзбек огаҳӣ (а. 19) ин асарро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Нусхаи ягонаи тарҷумаи асар дар захираи дастнависҳои АФ РСС Ӯзбекистон, таҳти рақами 8473 маҳфуз аст.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …