Главная / Ҷамъият / МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ

МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ

gaznaviМАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ Абулқосим (тақрибан 969/71—1030), султон аз сулолаи Ғазнавиён (998— 1030). Маҳмуди Ғазнавӣ сиёсати ҷангҷӯёна бур­да, ҳудуди давлати худро хеле васеъ кард. Соли 999 Хуросонро забт карда, ба сарҳади давлати Қарохониёни Осиёи Миёна наздик шуд. Соли 1008 дар наздикии Балх Қарохониёнро шикаст дода, заминҳои болооби ҳар ду соҳили Аму, аз ҷумла вил. Хуталонро зери даст кард. Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1002 Систонро забт карда, с-ҳои 1010—11 бо душвории зиёд вилояти кӯҳии то ин вақт мустақили Ғӯp (болооби д. Херируди Афғонистон)- ро ба худ тобеъ намуд. Маҳмуди Ғазнавӣ барои ба зери ҳокимияти Ғазнавиён даровардани вил-ҳои ғарбии Эрон бо давлати олӣ Буж ҷангида, Рай ва Исфаҳонро забт кард. Соли 1017 ба Хоразм лашкар кашид, Хуталон, Қабодиён, Чағониён ва диг. вилояту давлатҳоро боз ба худ тобеъ намуд. Маҳмуди Ғазнавӣ солҳои 1000—27 ба Ҳиндустони Шимолӣ 17 юриш карда, онро ғорат ва садҳо ҳазор одамонро асир гирифт. Ҷангҳои ғоратгаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ зери байрақи ислом бурда мешуд. Иқтидори ҳарбии Маҳмуди Ғазнавӣpo дастаҳои ғуломони турк ва «ғозиёни» ислом ташкил мекарданд. Маҳмуди Ғазнавӣ дар таърих ҳамчун подшоҳи золим ва тороҷгар машҳур аст. Дар аҳди ӯ давлати Ғазнавиён ба авҷи тараққӣ расида бошад ҳам, мамлакат хароб ва халқ қашшоқ гашт. Маҳмуди Ғазнавӣ ҳамагуна зуҳуроти норозигии меҳнаткашонро пахш карда, ба муқобили бидъатҳо: Қарматиҳо, исмоилиҳо, шиаҳо ва диг. мубориза бурд. Сиёсати,.Маҳмуди Ғазнавӣ ба манфиати табақаҳои болоии ҷамъият буд. Ӯ пойтахти давлати худ — Ғазнаро ба яке аз шаҳрҳои зебо ва калон табдил дод. Маҳмуди Ғазнавӣ дар дарбори худ олимон ва шоирони зиёдеро ҷамъ намуда, худро парастори илму адаб вонамуд мекард. Дар асл ӯ илму адабро барои мустаҳкам на­мудани асосҳои идеологии давлати динию феодалии худ истифода мебурд.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1072.

Қ Бобоев.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …