Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАҲМУДИ ЧАЛАБӢ

МАҲМУДИ ЧАЛАБӢ

nophotoМАҲМУДИ ЧАЛАБӢ ибни Муҳаммад (бо номи Марнами Чалабӣ низ машҳур мебошад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1525), риёзидон ва ҳайатшиноси асри 16 тоҷик. Набера ва шогирди Қозизодаи Румӣ. Баъд аз таназзули мактаби илмии Самарқанду монанди Алоуддини Қушчӣ ва диг. ба Туркия меравад ва дар он ҷо анъанаҳои олимони Самарқандро давом медиҳад. Аз Маҳмуди Чалабӣ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст. Аз асарҳои ӯ «Дастур-ул- амал фӣ тасҳеҳ-ил-ҷадвал» (Шарҳ ва ҷадвалҳои расадхонаи Самарқанд), ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, дар китобхонаҳои Евро­па, аз ҷумла дар Париж (№ 171) ва Истамбул (№ 2697), «Шарҳу рисолат-ул-фатҳия» (Шарҳ ба рисолаи астрономии Алоуддини Қушчӣ «Ри­солаи Фатҳия») дар китобхонаи Па­риж маҳфуз мебошанд. Як қатор асарҳои Маҳмуди Чалабӣ ба масъалаҳои муайян кардани самти Қибла оиданд. Мукаммалтарини онҳо «Рисола фӣ таҳқиқ самт-ил-қибла» мебошад, ки дар китобхонаи Истамбул маҳфуз аст. Маҳмуди Чалабӣ дар риёзиёт ба ҳисоб кардани қимати функцияҳои тригоно­метрии кунҷҳо машғул шуда, қима­ти sin 1°-ро бо усули нав ҳисоб кард (то Маҳмуди Чалабӣ Алоуддини Қушчӣ қимати sin Г-ро ҳисоб карда буд), ки дар «Рисолат-ул-ҷайб-ил-номма» («Рисола дар бораи синусҳо») оварда шу­дааст. Рисолаи дигари Маҳмуди Чалабӣ, ки «Ри­сола фӣ-рубъ-ил-муканта рот» («Рисола дар бораи чоряки муқантарот») ном дорад, аз ҳисобу китоби камонҳои кураи осмон баҳс мекунад.

А.Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …