Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАҲМУДИ ҶАҒМИНӢ

МАҲМУДИ ҶАҒМИНӢ

nophotoМАҲМУДИ ҶАҒМИНӢ ибни Муҳаммад ибни Умари Хоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот тақррибан 1221), риёзидон, ҳайатшинос ва та­биби маъруф. Дар бораи тарҷимаи ҳоли М. Ҳоҷӣ Халифа дар «Китобу кашф-уз-зунун» (Китоб оид ба кушоиши гумонҳо») маълумот додааст. Маҳмуд дар Хоразм таваллуд ёфта, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Маҳмуд дар Самарқанд ҳам зиндагӣ карда, бо олимони пещқадами он давра ҳамсӯҳбат шудааст. Маҳмуд аз олимони забардасти замони худ буда, доир ба соҳаҳои мухталифи илм асарҳо офаридааст: мас., оид ба астрономия «Мулаххас фил-ҳайат-ил-басита» («Мухтасари астрономияи ибтидоӣ») оид ба тригонометрияи куравӣ «Ал- мулаххас» («Хулоса»), оид ба тиб «Қонунча» ва ғ. Аз ҷумла дар Мулаххас фи-л-ҳайат-ил-басита» доир ба омӯзиши ҷисмҳои осмонӣ, дар «Қонунча» оид ба ташхис ва муолиҷаи бемориҳои гуногун, дорушиносию дорусозӣ сухан меравад. Ба асарҳои Маҳмуд соли 1410 Камолуддини Туркманӣ, 1412 Қозизодаи Румӣ 1500 Мирсаид Шариф, Фасеҳуддини Низомӣ ва диг. шарҳҳо навиштаанд.

Ад.: Вороновский А. Г., Аст­рономы Средней Азии от Мухаммад»

«мама до Улугбека, дар мач.: Из исопохя Улугбека, Ташкент, 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …