Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҲМУДХОНИ КОШӢ

МАҲМУДХОНИ КОШӢ

nophotoМАҲМУДХОНИ КОШӢ (1813, Теҳрон— 1894, ҳамон ҷо), хушнавис ва наққоши форс-тоҷик. Падараш Муҳаммад Ҳусайнҳои мутахаллис ба Андалеб, писари Фаталихони Сабо, шоҳи Қочор буд. Маҳмудхони Кошӣ илмҳои адабиёт, риёзиёт, ҳикмат ва таърихро аз худ карда буд. Ба­рои соҳиби фазлу камол гардидани ӯ амакаш Муҳаммад Қосимхон кӯмак расонд. Маҳмудхони Кошӣ дар дарбори Насируддиншоҳ хизмат карда, ҳамчун шоири барҷаста ба гирифтани унвони «Маликушшуаро» мущарраф шу­дааст. Дар хушнависӣ низ шӯҳрат ёфта буд. Аз осори хаттотии ӯ як нусхаи «Гулшани роз» (1866) дар Китобхонаи миллии Теҳрон, як мураққае иборат аз 22 руқъа (1871— 73) ва як мураққаи дигар иборат аз руқъа дар Китобхонаи давлатии Теҳрон ва як қитъа (1866) дар му­зеи Табрез маҳфузанд.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …