Маълумоти охирин

МАҲФИЛИ АДАБӢ

МАҲФИЛИ АДАБӢ, анҷумани эҷодии адибони ҳамфикру ҳамрӯҳия. Дар таърихи адабиёти тоҷик Маҳфили аадабӣ бештар дар дарбори шоҳону ҳокимон ташкил меёфт. Дар ин ҷамъомадҳои адабӣ аксари шоирон қасидасароӣ мекарданд. Аммо берун аз дарбор ҳам маҳфилҳои адабӣ вуҷуд доштанд. Назар ба маълумотҳо дар хонаҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишерн Навоӣ, дар асри 19 ва аввали асри 20 дар хонаҳои Аҳмади Дониш ва Садри Зиё низ маҳфилҳои адабӣ будаанд. Мирзо Азими Сомӣ дар «Миръот-ул-хаёл» ном асари насрии худ аз вуҷуди Маҳфили адабӣ мадрасаи Говкушон бо сарварии шоир ва олими тоҷик Саъдуддини Моҳир хабар медиҳад, ки дар он ҷо адибони ҷавон илмҳои арӯз ва қофияро меомӯхтанд. Пайдоиши Маҳфили адабӣ дар Европа ба «асри тиллоӣ»-и маданияти Рим (асри 1 то м.) тааллуқ дорад. Дар таърихи адабиёти рус ташкили Маҳфили адабӣ дар асри 18 оғоз ёфт. Аввалин шахсоне, ки Маҳфили адабӣ ташкил карданд, А. П. Сума­роков ва М. М. Херасков буданд. Баъд аз Рев. Октябрь Маҳфили адабӣ дар назди ташкилоти Пролеткульт, фабрикаву заводҳо, редакцияҳои журналу газетаҳо ва мактабҳои олӣ баргузор мешуданд, ки ба тараққиёти адаби­ёти советӣ кӯмаки калон расонданд.

З. Ҳасанова

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …