Маълумоти охирин

МАҲҶУБ

nophotoМАҲҶУБ Муҳаммад Аҳмад (таваллуд 17. 5. 1908, Аддуайм), нависанда, мунаққид ва ходими давлатии араб (Судон). Маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Англия гирифтааст. Солҳои 1965—69 сарвазири Судон буд. Дар асари «Ҳаракати ғоявӣ дар Судон ба куҷо бояд равона шавад?» (1941) принципҳои асосии тараққиёти адабиёти нави миллиро баён карда, назарияи зиддиилмии «махсусияти шахсияти судонӣ»-ро фош кард. Соли 1946 бо ҳамроҳии нависанда Абдуҳалими Муҳаммад асари тарҷумаиҳолии «Марги дуньё»-ро офаридааст, ки дар он илова бар тамоюлоти реалистӣ ба анъанаҳои мақоланависӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Маҳҷуб чанд маҷмӯаи шеърҳои лирикӣ низ дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …