Маълумоти охирин
Главная / Биология / МАГНОЛИЯ

МАГНОЛИЯ

magnoliaМАГНОЛИЯ (Magnolia grandifloга), дарахти ҳамешасабзест аз оилац Magnoliaceae. Баландиаш то 30 м. Барги байзашакли дурушти ҷилодор (дарозиаш 12—25 см, бараш 4—12 см), гули сап-сафеди калони хӯшбӯй (диаметраш 10—22 см), баргмеваи ҷалғузашакл (дарозиаш то 12 см» бараш то в см), тухми лубиёшакл (дар ҳар як мевабарга 1— 2-той, вазни 1000-тоаш қариб 165 г) дорад. Магнолия аз набототи Америкаи Шимолӣ аст. Дар СССР (Гурҷистон, Озарбойҷон, Қрим, кишвари Краснодар ва Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар РСС Тоҷикистон) чун дарахти ороишӣ мепарваранд. Дарахти намиталаб ва сармобардор; дар шароити республика аз хунукии 17—18° С зарар намебинад. Аз май то сентябр гул мекунад.

Шохчаи гулдори магнолия.

Магнолия яке аз беҳтарин дарахтони ороишӣ аст. Дар амалияи тибби муосир аз барги он қиёми ғализ тайёр мекунанд, ки чун доруи гипотензисӣ истифода мешавад. Барги Магнолия то 0,59% равғани эфир, гликозидҳо (0,24%) ва ғ. дорад.

Ад.: Атлас лекарственных растений СССР, М., 1962; Исмаилов М. И., Вечнозеленые лиственные породы, дар кит.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …