Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

МАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА

magnitudai-zilzilaМАГНИТУДАИ ЗИЛЗИЛА (лот. magnitudo — бузургӣ аз magnus — калон), бузургии шартиест, ки энергияи умумии лаппишҳои чандирӣ ҳангоми зилзила ё таркиш бавуҷудояндаро тавсиф медиҳад. Магнитудаи зилзила ба логарифми энергияи лаппиш мутаносиб аст. Одатан бо бузургии калонтарини нисбати амплитуда бар даври лаппишҳое, ки сейсмограф сабт мекунад, муайян карда мешавад. Магнитудаи зилзила аз рӯи энергия муқоиса намудани манозъҳои лаппишро имконпазир мегардонад. Агар Магнитудаи зилзила як воҳид афзояд энергияи лаппиш 100 маротиба меафзояд. Магнитудаи зилзилаи пурқувваттарини зилзилаҳо аз 9 беш нест (тақрибан ба 10 Ч ё 102в эрг мувофиқ меояд). Вобаста ба ларзишҳо ва харобиҳое, ки зилзила дар сатҳи Замин ба амал меорад, қувваи зилзиларо бо баллҳо чен мекунанд ва он дар баробари Магнитудаи зилзила ба умқи манбаи зилзила ва шароити геологии минтақаи эпицентрӣ алоқаманд аст. Дар мавриди на он қадар чуқур будани манбаи зилзила дар эпицентр (ҳангоми тақрибан 5 будани Магнитудаи зилзила) харобиҳо ба амал меоянд, вале ҳангоми дар чуқурии садҳо набудани манбаъ (ҳангоми ба 7 баробар будани Магнитудаи зилзила) харобиҳо тақрибан рӯй намедиҳанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …