Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТОСТРИКЦИЯ

МАГНИТОСТРИКЦИЯ

magnitoctriksiaМАГНИТОСТРИКЦИЯ (аз юн. magnetis — магнит ва лот. strictio — фишурдашавӣ, кашидашавӣ), тағйири шакл ва ҳаҷми ҷисм ҳангоми магнитнокшавӣ. Ҳодисаи Магнитострикцияро Ч. Ноуль соли 1842 кашф кардааст. Дар ферро ва ферримагнетикҳо (Ее, Ni, Со, Gd, Tb ва г., як қатор хӯлаҳо, ферритҳо) бузургии Магнитострикция хеле калон д/ —- г» 10—* — 10-2 мешавад. Дар антиферромагнетик ва диамагнетикҳо Магнитострикция камтар аст. Дарозшавии нисбии он одатан дар самти майдони магнитӣ (Магнитострикцияи қадӣ) ё дар самти нисбат ба самти майдон амудӣ (Магнитострикцияи барӣ) чен карда мешавад. Ҳодисаи акси Магнитострикция— тағйирёбии магнитвокшавии намунаи ферромагнитӣ ҳангоми деформация — эффекти магнитию чандирӣ ё баъзан эффекти Виллари номида мешавад. Магнитострикцияро дар техника ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ад.: Вонсовский С. В., Магнетизм, М., 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …