Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТОГРАФ

МАГНИТОГРАФ

magnitografМАГНИТОГРАФ (аз юн. magnetis — магнит ва …граф), асбобест, ки муттасил тағйирёбии майдони магнитии Зачии (варнацияи магнитӣ)-ро сабт мекунад. Аз варнометрҳои магнитӣ ва таҷҳизоти сабткунанда (регистратор) иборат аст. Магнитограф соддатарин аз фоторегнетратор, рӯшноидиҳак ва се варнометри оптикӣ-механикӣ иборат мебошад. Ҳар як вариометр оина дорад. Нури рӯшноӣ аз оина акс гашта, бевосита ба лентаи (фотокораз ё фотоплёнка) барабани суст даврзананда меафтад. Ба лента тағйирёбии фотоҷараёнро менависад. Чунин Магнитограф тағйирёбии майдони магнитии Заминро, ки давраҳои аз якчанд сония то якчанд моҳ аст, бо саҳеҳии 10-13 сабт мекунад. Дар магнитограммаи ҳосилшуда доир ба вақт, амплитуда ва даври вариацияҳои магнитӣ маълумотҳо ҳаст. Ба сифати таҷҳизоти сабткунанда басомадсанҷ, волтметрҳои рақамӣ, магнитофон, перфоратор ва ғ-ро истифода бурдан мумкин аст. Нишондодҳои Магнитограф кодонида шуда, дар ҳисобмошини элентронӣ кор карда мешаванд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …