Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАГНИТОГОРСК

МАГНИТОГОРСК

magnitagorskМАГНИТОГОРСК, шаҳр дар вилояти Челябински РСФСР. Дар доманаи к. Магнитная, дар нишебии шарқии Урали Ҷанубӣ, дар ҳар ду соҳили д. Урал воқеъ аст. Яке аз марказҳои калонтарини саноати металлургии СССР. Аҳолиаш 406 ҳазор нафар (1979). Корхонаҳои калонтарини саноатиаш: комбинати металлургӣ, заводҳои металлургии маснуоти металлӣ, калибронии прокат, крансозӣ, таъмири таҷҳизоти кону металлургӣ. Саноати масолеҳи бинокорӣ, сабук ва хӯрокворӣ (фабрикаҳои дӯзандагӣ, пойафзол, заводи шир, комбинати гӯшт ва ғ.) низ тараққӣ кардааст. Шаҳрро газопроводи Осиёи Миёна — Урал аз газ таъмин мекунад. Дар Магнитногорск Биноҳои 4—5-ошьёнаи нетнкоматӣ, хонаи советҳо, зали концертӣ, Қасри металлургҳо ва стадион сохта шудаанд. Магнитногорск институтҳои кӯҳкорию металлургӣ, педагогӣ, 8 мактаби миёнаи махсус, театрҳои драма ва лухтак, музеи кишваршиносӣ дорад.

Магнитногорск солҳои 1929—31 ба муносибати cap шудани сохтмони комбинати металлургии Магнитогорск буньёд ёфтааст. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва ордени Ленин (1979) мукофотонида шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …