Маълумоти охирин
Главная / Техника / МАГНИТОФОН

МАГНИТОФОН

magnitofonМАГНИТОФОН (юн., magnetis — магнит ва phone — садо), аппарат барои ба навори магнитӣ сабт кардани сигнали садоӣ (ниг. Сабти садо) ва аз нав шунавондани он. Магнитофон вобаста ба таъинот касбӣ ва маишӣ мешаванд. Магнитофонҳои касбӣ барои истифода дар телевизион, радиошунавонӣ, кино ва ғ., Магнитофонҳои маишӣ барои ҳаваскорон пешбинӣ шудаанд. Наворҳои магнитии Магнитофон барои сабти садо аз як то ҳашт рах (канал) доранд ва одатан бо суръатҳои стандартии 38,1; 19,05; 9,5; 4,75; 2,4 ом/сон ҳаракат карда метавонанд. Суръати навор ҳар қадар бештар бошад, сифатҳои кории Магнитофон ҳамон қадар хубтар аст. Дар Магнитофон навор одатан ба дилак (Магнитофонҳои касбӣ) ё ба кассета (дар Магнитофонҳои маишӣ мепечад. Дар Магнитофонҳои кассетӣ навор дар кассетаҳои пӯшида ҷой мегирад, ки истифодаи онро осон мекунад ва наворро тоза нигоҳ медорад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …