Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТНОКШАВӢ

МАГНИТНОКШАВӢ

magnitnokshaviМАГНИТНОКШАВӢ, процессҳое, ки дар ферромагнетикҳо ҳангоми таъсири майдони магнитии беруна ба вуҷуд омада, магнитнокии ферромагнетикро дар самти майдон афзун мекунанд. Дар ҳолати бемагнитшавии пурра намунаи ферромагнитӣ аз соҳаҳои на он қадар калон (доменной ҳаҷмашон 10-*—.10-* см3, баъзан то 10-3 см3) иборат аст, ки ҳар яке то сершавӣ (/,) магнитнок шудааст. Аммо дар ин ҳол векторҳои худ аз худ магнитнокшавии доменҳо (/,) тавре ҷой мегиранд, ки моменти Магнитии натиҷавии намуна / = 0 аст. Магнитнокшавӣ ҳодисаи аз нав ориентацияшавии векторҳои магнитнокии доменҳо дар самти майдони таъсиркунанда мебошад; он процессҳои ҷойивазкунӣ, даврзанӣ, ва парапроцессро дар бар мегирад. Процесси ҷойивазкунӣ дар ферромагнетикҳои сердомен аз ҷойивазкунии ҳудудҳои байни доменҳо иборат аст; ҳаҷми домевҳое, ки векторҳояшон (/я) бо самти шиддатнокии майдони магнитӣ (Я) кунҷи хурдтаринро ташкил медиҳанд, аз ҳисоби доменҳои ҳамсоя, ки нисбат ба майдон аз ҷиҳати энергетикӣ камтар самт доранд, меафаояд. Ба самти майдон Н тоб хӯрдан нвекторҳои 19 процесси даврзанӣ буда, ба анизотронияи магнитии ферромагнетикҳо вобаста мебошад. Парапроцесс қад-қади майдон саф кашидани моментҳои оддии магнитӣ мебошад, ки онҳо бо таъсири ҳаракати гармӣ дар доменҳо нисбат ба самти 1Л ба дигар тараф майл кардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …