Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТНОКӢ

МАГНИТНОКӢ

magnitnokiМАГНИТНОКӢ, тавсифи ҳолати магнитии ҷисми физикии макроскопӣ: ҳангоми қисми якҷинса магнитнокшуда Магнитнокӣ чун моменти магнитии воҳиди ҳаҷми ҷисм муайян карда мешавад: / = —, ин 40 М — моменти магнитии ҷисм, v — ҳаҷми он. Ҳангоми ҷисми ғайриякҷинса магнитнокшуда Магнитнокӣ барои ҳар як нуқтаи ҷисм (аниктараш, барои ҳар як ҳаҷми хурди физикӣ dv) алоҳида муайян карда мешавад: / , дар ин ҷо dM — моменти магнитии ҳаҷми dv. Воҳиди Магнитнокӣ дар системаи воҳидҳои байналхалқӣ ампер бар метр (1 —магнитнокиест, ки ҳангоми он 1 м3 модда дорои 1 Ам2 моменти магнитист) мебошад. Магнитнокӣ ба майдони магнитии беруна ва ҳарорат вобаста аст. (Ниг. Парамагнетизм, Ферромагнетизм). Дар ферромагнетикии вобастагии ба шиддатнокии майдони магнитии беруна Н бо хати каҷи маглитнокшавӣ ифода мешавад (ниг. Гистерезис). Дар моддаҳои изотропӣ самти I бо самти Н якхела ва дар моддаҳои анизотропӣ самтҳои / ва И дар мавриди умумӣ гуногунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …