Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНИТИЗМИ ОФТОБ

МАГНИТИЗМИ ОФТОБ

magnitizmi-oftobМАГНИТИЗМИ ОФТОБ, маҷмӯи ҳодисаҳое, ки ба мавҷудияти майдони магнитӣ дар Офтоб вобастаанд. Майдони магнитии доғҳои Офтоб, майдони магнитии соҳаҳои фаъоли берун аз доғҳо ва ба ном майдони умумии Офтобро фарқ мекунанд. Майдони магнитии Офтобро бори аввал астрономи америкоӣ Ҷ. Хейл соли 1908 аз рӯи таҷзияи хатҳои фурӯбарӣ (ниг. Ҳодисаи Зееман) дар спектрҳои доғҳои Офтоб кашф кард. Барои чен кардани майдони магнитии пуриқтидор одатан, анализатори поляризацияаш доиравӣ истифода мешавад, ки барои мушоҳидаи алоҳидаи компонентҳои зеемании хатҳои спектр имкон медиҳад. Майдонҳои магнитии сустро бошад, бо магнетографи офтобӣ дақиқ чен кардан мумкин аст. Магнитизми Замин аз афти кор, сабаби гарм шудани қабати болои атмосфераи Офтоб, суръат гирифтани варрахо ва ба фазои байнисайёравӣ баромадани онҳо мебошад ва дар бисьёр ҳодосаҳои ба xypуҷи Офтоб алоқаманд, роли муҳим мебозад. Майдонҳои магнитии суст ба қитъаҳои бештар дурахшони Офтоб, ки дар онҳо газ метафсад, алоқаманд мебошанд. Вале дар қитъаҳои ҷудогона беш аз 1400 Э шудани майдони магнитӣ боиси пастшавии ҳарорати газ ва пайдоиши доғҳои Офтоб мегардад. Таъсири мутақобили майдонҳои магнитии гурӯҳҳои доғҳо хурӯҷи Офтобро ба вуҷуд меорад. Дар ҷойҳои фаъоли берун аз доғҳо майдони магнитии суст ё худ майдонҳои магнитии фон мушоҳида мешаванд: онҳо якҷоя бо соҳаҳои фаъол структураи тоҷи Офтоб ва муҳити байнисайёравиро муайян мекунанд.

Дар арзҳои гелиоцентрии болотар аз 55° ба ном майдони магнитии умумии Офтоб, ки ба майдони диполмонанд аст, чен карда мешавад. Ба он тағйири муваққати хос аст ва баъзе солҳо тақсимоти майдони магнитил умумӣ дар арзҳо ва майдони магнитии дипол ба куллӣ фарқ мекунанд. Муқаррар шудааст, ки дар давраи максимуми хурӯҷи Офтоб аломати майдони магнитӣ дар қутбҳо тағйир меёбад. Астрономи советӣ А. Б. Северный структураи нозук ва характери статистикии майдони магнитии умумиро омӯхт. Майдони магнитии пурраи Офтоб (чун ситора) бо даври қариб 27—28 рӯз ва амплитудаи 1 Э тағйир меёбад. Табиати Магнитизми Замин алҳол пурра тадқиқ нашудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …