Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГНИТИ ДОИМӢ

МАГНИТИ ДОИМӢ

magniti-doimiМАГНИТИ ДОИМӢ (юн. magnetis, аз Magnetis lithos; айнан —санги Магнесия—шаҳри қадим дар Осиёи Хурд), маснуоти шаклашон муайян (наълшакл, гулашакл ва ғ.)« ки аз материалҳои ферромагнитӣ ё ферримагнитии пешакӣ магнитнок кардашуда сохта мешаванд ва индукцияи магнитии худро баъди қатъи таъсири майдони магнитноккунанда низ нигоҳ медоранд.

Магнити доимӣ оҳан, никел ва баъзе металлҳои дигарро ҷазб мекунад. Магнити доимӣи озод овезон кардашуда қад-қади меридиани магнитӣ ҷой мегирад, дар ин ҳол нӯги ба Шимол нигарони Магнити доимӣро қутби шимол ва нӯги ба Ҷануб нигарони онро қутби ҷануби Магнити доимӣ меноманд. Магнити доимӣ чун манбаи мустақили майдони магнитии доимӣ дар электротехника, радиотехника, автоматика васеъ истифода мешавад. Дар техника ҷисмҳои бо ҷараёни электр магнитнок кардашуда — электромагнитҳо низ маъмуланд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …