Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНИЯ

МАГНИЯ

magniaМАГНИЯ (лот. Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. Магнияи табиӣ аз 3 изотопи собит — 24Mg (78,60%), 25Mg (10,11%) ва 2eMg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш —23Me, 27Mg, 2iMg низ ҳосил карда шудааст. Магнияро дар шакли хока соли 1808 Г. Дэви ҳангоми электролизи магнезияи тар дар катоди симобӣ ва тактири амалгамаи дар натиҷаи он ҳосилшаванда кашф кардааст. Магния 2,10%-и массаи қишри Заминро ташкил мекунад. Дар табиат доломит, форстерит, магнезит, карналлит барин даҳҳо минералҳои силикатӣ, карбонатӣ, сулфатӣ, хлоридӣ, фосфатии Магния мавҷуданд. Оби баҳрҳо то 0,38% ва оби баъзе кӯлҳо то 30% хлориди магний доранд. Магния металли нуқратоб, нарми ёзанда ва сабук аст. Зичиаш 1739 кг/м3 (дар 20° С); t гуд. 651° С; t ҷӯш. 1107° С. Магния дар ҳамаи пайвастҳояш 2 валента аст. Вай металли фаъол буда, дар ҳаво бо пардаи тунуки оксид пӯшида мешавад; ҳангоми сахт тафсондан (600—650° С) бо шӯълаи чашмхиракунанда сӯхта оксиди магний (MgO) ва қисман нитриди магний (МкзОД ҳосил мекунад. Бо оби хунук ба реакция намеравад, аммо аз oyFH об (дар 400° С) гидрогенро хориҷ менамояд. Магния аксарияти металлҳоро аз маҳлули обии намакҳояшон фишурда мебарорад; бо маҳлули сероби кислотаҳои минералӣ бо осонӣ ба реакция меравад. Магния ҳангоми тафсонидан бо гидроген, нитроген, сулфур, галлогенҳо, карбон, силиций, фосфор ва дигар элементҳо пайваст шуда гидрид, галлогенид, сулфид, карбид, силицид, фосфид ва ғ., инчунин бо моддаҳои органикӣ пайвастҳои металлоорганикӣ, бо металлҳо хӯлаҳои сабук ҳосил мекунад.

Магния яке аз элементҳои ҳаётан зарури организм аст. Концентрацияи вай дар таркиби баъзе обсаозҳо то 3%, фораминиферҳо то 3,5%, исфанҷҳои оҳаки то 4% мешавад. Дар хлорофили набототи рӯи Замин тахминан 100 млрд т Магния мавҷуд аст. Магнияро организми ҳайвону одам ба воситаи хӯрок мегирад. Эҳтиёҷи шаборӯзии одам ба Магния 0,3—0,5 г. аст. Миқдори нормалии Магния дар хун 4,3 мг% буда, ҳангоми зиёд шудани он серхобӣ, беҳиссӣ ва баъзан фалаҷи мушакҳои скелет мушоҳида мешавад. Ҳангоми норасогии Магния мӯътадилии ангезиши системаи асаб, кашишхӯрии мушакҳо вайрон мегардад. Магнияро дар техника асосан бо роҳи электролизи хлориди Магния ё карналлити беоб, инчунин бо усули металлотермӣ ё карботермӣ ҳосил мекунанд. Магния дар пиротехника, металлургияи истеҳсоли хӯлаҳо, ҳосил кардани ванадий, титан, уран, цирконий, чӯяни сахт, инчунин техникой атом, тиб, хоҷапгии қишлоқ ва ғ. васеъ истифода мешавад.

Ад.: Стрелец X. Л., Тайц А. Ю., Гуляницкий Б. С., Металлургия магния, М., 1960.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …