Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИЗМ

МАГНЕТИЗМ

magnetizmМАГНЕТИЗМ (аз юн. magnelis —магнит), маҷмӯи ҳодисаҳое, ки дар масштабҳои макроскопӣ ҳамчун таъсири мутақобили байни ҷараёнҳои электрӣ, байни ҷараёнҳову магнитҳо (ҷисмҳое, ки моменти магнитӣ доранд) ва байки магнитҳо зоҳир мешаванд. Ин таъсири мутақобил ба воситаи майдони магнитӣ ба амал меояд. Ҳамаи моддаҳо то дараҷае ба хосиятҳои магнитӣ соҳибанд (ниг. Магнетик), зеро электрон, протон ва нейтронҳое, ки атомҳо аз онҳо таркиб ёфтаанд, моменти магнитӣ доранд. Вобаста ба табиати ҳомилони Магматизм ва характери таъсири мутақобили онхо, Магматизми зарраҳои таъсири мутақобилашон суст (диамагнетизм ва парамагнетизм) ва Магматизми моддаҳои дорои тартиби маггогиш атоми (ферромагнетизм, антиферромагнетизм ва ферромагнетизм) -ро фарқ мекунанд. Хосиятҳои магнитии моддаҳо дар асоси қонунҳои механикаи квантӣ шарҳ дода мешаванд. Магматизм дар ҳамаи процессҳои физикию химиявии дар модда баамалоянда зоҳир мешавад. Майдонҳои магнитӣ дар аксари ҷисмҳои кайҳонӣ (ситораҳо, Офтоб, як қатор сайёраҳои Системаи Офтоб) ва дар фазои кайҳонӣ вуҷуд доранд. Ин майдонҳо ба ҳаракати зарраҳои заряддор таъсир мекунанд ва муҳимтарин ҳодисаҳои астрофизикӣ ва геомагнитӣ (хуруҷи Офтоб, тӯфони магнитии Замин, тағйири радиошаффофии атмосфера ва ғ.)-ро муайян мекунанд. Хосиятҳои магнитии як қатор моддаҳо дар электротехника ва радиотехника, асбобсозӣ, автоматика, техникаи ҳисоб ва телемеханика, навигацияҳои баҳрӣ ва кайҳонӣ, усулҳои геофизикии инкишофи сарватҳои зеризаминӣ, барои назорати сифати маснуоти металлӣ (дефектоскоггияи магнитӣ) истифода мешаванд. Омӯхтани хосиятҳои магнитии моддаҳо таодикӣ структураи ҷисмҳои гуногун ва механизми процессҳои дар онҳо ба амалояндаро имконпазир мегардонад.

Ад.: Вонсовский С. В., Магнетизм, М., 1971.

Ш. Шокиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …