Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИТ

МАГНЕТИТ

magnetitМАГНЕТИТ (нем. Magnetit, аз юн. magnetia — магнит), оҳансанги магнитӣ, минерал, оксиди мураккаби оҳан FeO FejOj. Таркибаш то 72,4% Fe ва аксар омехтаҳои MgO, СГ]Оэ, АЬОз, МпО, ZnO ва ғ. дорад. Магнетикҳои дар таркибашон TiO доштаро титаномагнетит ва Сгз09 доштаро хромомагнетит меноманд. Дар системаи куби кристалӣ мебандад, кристаллҳои октаэдрӣ, додекаэдрӣ ва массаҳои яклухти       донадор ҳосил мекунад. Рангаш сиёҳ. Сахтиаш 5,5—6; зичиаш 4800—

5300 кг/м3. Хусусияти магнитӣ дорад. Дар ҷинсҳои магмавӣ, конҳои

гидротермалӣ, баъзан ҷинсҳои таҳшинӣ дучор мешавад. Захираи калони Магнетит бо конҳои гематитии ҷинсҳои метаморфии токембрий вобаста аст (Урал, Кривой Рог, Аномалияи магнитии Курск). Магнетит барои истеҳсоли оҳан маъдани муҳим аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …