Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАГМАТИЗМ

МАГМАТИЗМ

magmatizmМАГМАТИЗМ, процессҳое, ки гудозиш ва вусъату ҳаракат, ҷойивазкунӣ, омезиш, таъсири мутақобила бо ҷинсҳои сахт ва шахшавии магмаро дар бар мегиранд. Магматизм яке аз муҳимтарин зуҳуроти активияти қаъри Замин буда, бо инкишоф, тағйироти ҳарорат ва эволюцияи тектоникии он бевосита алоқаманд аст. Баробари дигаргун шудани хусусияти ҳаракати тектоники хелҳои Магматизм ҳам тағйир меёбад ва дар баъзе структураҳои Замин Магматизми ба худ хос мушоҳида карда мешавад (мас., дар ноҳияҳои геосинклинали платформа ва уқёнусҳо). Магматизм вобаста ба чуқурии зуҳурёбиаш абиссалӣ, гинабиссалӣ, субвулқонӣ ва вулқонӣ мешавад. Баъзе мутахассисон чунин мешуморанд, ки Магматизм махсусан дар давраи геосинклиналии ноҳияҳои чиндор босуръат рӯй медиҳад ва шаклҳои алоҳидаи зуҳуроти он бо марҳилаҳои муайяни инкишофи геосинклинал алоқаманданд. Дар давраи ҳозираи геологӣ Магматизм хусусан дар минтақаи геосинклиналии уқёнуси Ором, қаторкӯҳҳои зериобии уқёнусҳо, зонаҳои рифтии Африка, баҳри Миёназамин ва ғ. вусъат ёфтааст. Бо процессҳои Магматизм пайдоиши конҳои гуногуни capватҳои зеризаминӣ вобастаанд. Ниг. низ ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …