Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАГИСТРАЛИ БАЙКАЛУ АМУР, БАМ

МАГИСТРАЛИ БАЙКАЛУ АМУР, БАМ

baykalu-amurМАГИСТРАЛИ БАЙКАЛУ АМУР, БАМ, роҳи оҳанест, ки дар Сибири Ғарбӣ ва Шарқи Дури СССР (аз ш. Тайшет то ш. Советский Гавань) сохта мешавад. Тӯлаш 4333 км. БАМ роҳҳои мавҷудаи Тайшет —

шираи растанӣ, моддаҳои пӯсидаи органикӣ, пору ва ғ. (изо мегиранд. Баъзеи М. дарранда ва хунмаканд.

Матвеи хонагӣ ва кирми он. Усть-Цут (Лена) ва Комсомольски Амур—Советский Гавань (1188 км) ва қисми роҳҳои сохта шудаистодаи Усть-Цут (Лена) ва Комсомольски Амур—Тында—Ургал— Комсомольски Амур (3145 км)-ро дар бар мегирад. Роҳи оҳан Тында — БАМ (180 км) ва Тында—Беркакит (220 км) низ ба М. дохил мешаванд. БАМ барои кашонидани борҳои хоҷагии халқ хизмат мекунад. Сохтмони роҳи дуюм барои баромадан ба бандарҳои уқёнуси Ором, барои истифодаи минтақаҳои магистрал, ки дорои захираҳои бои сарватҳои зеризаминӣ ва чӯбанд ва комплексҳои калони минтақавии истеҳсолӣ сохта мешаванд, имконият медиҳад. Сохтмони БАМ соли 1937 оғоз ёфта, то 1950 ба дарозии 2302 км роҳ сохта шуда буд. Сохтмони БАМ махсусан баъд аз қабули қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР «Оид ба барқарор кардани сохтмони магистрали роҳи оҳани Байкалу Амур» (1974) вусъат гирифт. Барои гузаронидани трассаи асосии роҳи оҳан сохтмони 3200 иншооти сунъӣ, 142 купруки калон, 4 туннел (Северо-Байкалский, 6,7 км; Северо-Муйсь-кий, 15 км; Кодарвокий, 2 км; Нагорный, 1,8 км) пешбинӣ шудааст;

Магистрали Байкалу Амур, як қисми роҳи оҳани Тында-Беркакит. 1. Кашидани хатти роҳи оҳан. 2. Поезди боркаш ба Ёқутистон меравад.

зиёда аз 350 млн мэ корҳои заминканиро ба ҷо оварда, бештар аз 200 истгоҳҳои роҳи оҳан ва разъездҳо сохта шуданд, ки калонтаринашон инҳоанд: Усть-Цут (Лена), Нижнеангарск, Лара, Тында, Ургал. Аввалҳои соли 1977 қариб 700 иншооти сунъӣ (ба монанди кунрукҳои дарёҳои Лена, Тагора, Тында, Дурея, Амур ва ғ.), қариб 600 км роҳи оҳан асосӣ сохта шуда, зиёда аз 100 млн мэ корҳои заминканӣ ба ҷо оварда шудааст. БАМ бо блокбандии автоматӣ, системаҳои нави мутамарказии диспетчерӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан бо маяк ва сигналҳои электрии марказонида таъмин карда мешавад. Дар хатти роҳи БАМ тепловозҳо ва дар роҳи Усть-Дут (Лена)—Муякан (660 км) электровозҳо хизмат морасонанд. Дар қад-қади магистрал барои коргарону бинокорон маҳалҳои обод буньёд карда мешаванд. БАМ сохтмони умумихалқист. Дар сохтмони он ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ, аз он ҷумла РСС Тоҷикистон иштирок дорад. Ҷавонону комсомолони тоҷик дар қисмҳои ғарб ва марказии БАМ фаъолона меҳнат мекунанд. «Таджикстройбам» истгоҳи роҳи оҳан «Солони» (кишвари Хабаровск) месозад. Аз рӯи ҳаҷми кор ва аҳамияти иқтисодию сиёсӣ БАМ яке аз сохтмонҳои азими панҷсолаи 10-ум (1976—80) мебошад.

Октябри 1976 Президиуми Совети Олии СССР «Медаль барои сохтмони магистрали Байкалу Амур»-ро таъсис дод, ки коргарон, коркунони инженер-техникӣ, инженерон ва ғ., ки камаш 3 сол фаъолона кор кардаанд, мукофотонида мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …