Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАГЕЛЛАН

МАГЕЛЛАН

magellanМАГЕЛЛАН, Магальяйнш Фернан (тақрибан 1480, ноҳияи Тразуж-Монтиш, Португалия — 27. 4. 1521, ҷазираи Мактан, Филиппин), баҳрнавард. Солҳои 1505—12 дар экспедицияҳои Португалия иштирок карда, ду маротиба (1509,1511) то нимҷазираи Малакка рафта омадааст. Солҳои I 1519—21 барои ба ҷазираҳои Молукка аз тарафи Ғарб роҳ ёфтан ба экспедицияи Испания, ки аз 5 киштӣ ва 265 кас иборат буд, роҳбарӣ намуд. Экспедиция 20 сентябри 1519 ба сафар баромада, январи 1520 ба халиҷи Ла-Плата омад. Аз он ҷо ба Ҷануб баргашта, августи 1520 бо чор киштӣ аз гулӯгоҳе гузашт, ки он сонитар номи Магеллан гирифт. Иштирокчиёни экспедиция ноябри ҳамон сол ба уқёнусе баромада онро уқёнуси Ором номиданд. Магдебург сафарашро давом дода, марти 1521 се ҷазираро аз гурӯҳи ҷазираҳои Мариан кашф намуд ва баъдтар ба ҷазираи Филиппин расид. Дар яке аз задухӯрдҳо бо сокинони Филиппин Магдебург ҳалок гардид. Аз ин экспедиция танҳо киштии «Виктория» бо роҳбарии X. С. Элькано бори аввал саёҳати гирдиҷаҳониро анҷом дода, соли 1522 ба Испания баргашт. Ба туфайли экспедицияҳои Магдебург курашаклии Замин ва мавҷудияти уқёнуси ягонаи Олам амалан исбот гардиданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …