Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МАГДЕБУРГ

МАГДЕБУРГ

magdeburgМАГДЕБУРГ (Magdeburg), шаҳр дар РДГ, маркази маъмурии окрути Магдебург. Аҳолиаш 279 ҳазор нафар (1976). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард; бандар дар д. Эльба. Маркази муҳими мошинсозии вазнин (комбинати мошинсозии вазнини ба номи Э. Тельман, заводҳои ба номи К. Либкнехт, ба номи Г. Димитров ва ғ.), истеҳсоли таҷҳизот барои саноати сабук, химия, хӯрокворӣ ва мошинҳои хоҷагӣ корхонаҳои асбоб ва киштисозии дарьёӣ мавҷуданд. Саноати химия ва хӯрокворӣ дорад. Магасҳо маркази муҳими маданият аст. Академияи тиббӣ, Мактаби олии мошинсозии вазнин, мактабҳои махсуси санъати амалӣ, хоҷагии об ва ғ. ҳаст. Боигариҳои меъмориаш: калисои ҷомеи Санкт-Маурициус-унд-Катарина (1209—1520), калисои Либфраузикирхе (1064—1160, гунбазҳои готиаш 1220—30 сохта шудаанд), аз биноҳои ҳозира меҳмонхонаи «Интернациональ» (1963) ва ғ.

Магдебург дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал соли 805 зикр шудааст. Аз асри 12 — шаҳр. Январи 1945 шаҳр аз бомбаборони самолётҳои Англияю Америка сахт зарар дид. Аз соли 1949 дар ҳайати РДГ.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …