Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГАКЬЯН Иван Георгиевич

МАГАКЬЯН Иван Георгиевич

magakyanМАГАКЬЯН Иван Георгиевич (таваллуд 6.       4. 1914, Тбилиси), геологи советӣ, академики АФ РСС Арманистон (1948). Институти кӯҳкории Ленинградро хатм кардааст (1935). Сардори партияи экспедицияи Помир ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистон (1934—40), директори Институти илмҳои геологии АФ РСС Арманистон (1960—63), академик — котиби Шӯъбаи илмҳои техникӣ (аз 1943), сонитар Шӯъбаи илмҳои оид ба Замини АФ РСС Арманистон (1963). Профессор Институти кӯҳкории Ленинград (1948—60) ва Университети Ереван (аз 1960). Нормой илмии Магакьян асосан ба геология, геохимияи конҳои маъдан ва металлогения бахшида шудааст. Магакьян дар Тоҷикистон геология, минералогия ва геохимияи конҳои волфрам, қалъагӣ, маргимуши кӯҳсори Зарафшону Ҳисорро омӯхта, оид ба пайдоиши зонаҳои скарнӣ ва сарватҳои зеризаминии онҳо якчанд асарҳои илмӣ навиштааст. Магакьян лауреати Мукофоти давлатии СССР (1950). Бо 3 орден мукофотонида шудааст.

Ас: Основы металлогении материков, Ереван, 1959; Рудные месторождения, 2 изд., Ереван, 1861; Тилы рудных провинций и рудных формаций СССР, М., 1969; Редкие рассеянные и редкоземельные элементы, Ереван, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …