Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мадзини Ҷузеппе

Мадзини Ҷузеппе

МАДЗИНИ (Mazzini) ҶузеппеМАДЗИНИ (Mazzini) Ҷузеппе (22. 6. 1805, Генуя— 10. 3. 1872, Пиза), революционери италиявӣ, демократ буржуазӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати миллии озодихоҳии Италия, ҳуқуқшинос. Аз соли 1827 иштирокчии ҳаракати карбонарийҳо. Соли 1830 ба хаос гирифта шуд. Мадзини маҷбур гардид, ки Италияро тарк кунад. Соли 1831 дар Марсель ҷамъияти «Италияи ҷавон»-ро ташкил намуд, ки программаи сиёсии он аз зулми империяи Австрия раҳонидани Италия ва барпо кардани республикаи буржуазӣ-демократиро пешбинӣ мекард.

Соли 1834 дар Швейцария ташкилоти байналхалқии революционии «Аврупои ҷавон» ва 1846 «Иттифоқи интернационалии халқҳо»-ро ташкил намуд. Март—июли 1849 сардори ҳукумати республикаи Рим буд ва баъди барҳам хӯрдани он ба Швейцария ҳиҷрат кард. Соли 1853 «Партияи амал»-ро ташкил карда, ба Гарибальди кӯмак расонд. Солҳи 60 коргаронро ба муттаҳид кардани мамлакат ҷалб намуданӣ шуд. Назарияи Мадейра оид ба азнавсозии иҷтимоии ҷамъият характери хаёлӣ дошт. Мадзини ногузир будани муборизаи синфин пролетариатро бар зидди буржуазия қатъиян рад мекард. Мадейра ҳамчун муборизи роҳи ягонагӣ ва озодии Италия тарғиботчии шӯълавари принципҳои демократ ва республикавӣ дар таърихи Италия мақоми шоиста дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …