Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Мадрид

Шаҳри Мадрид

МАДРИД (Madrid) пойтахти Испания, калонтарин маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Шаҳри асосии музофоти Мадрид ва вилояти таърихии Кастилиян Нав. Мадрид дар миёнҷои нимҷазираи Пиревей, дар

пуштакӯҳи Месета (баландиаш 650 м аз соҳили баҳр), дар ҳар ду соҳили дарёи Маиса нарес воқеъ аст. Иқлимаш субтропикии баҳримиёназаминӣ, тобистонаш хушки гарм. Ҳарораташ миёнаи январ 4,9° С, июль 24,2° С. Боришоти солона 440 мм. Масоҳаташ — 607 км2 (масоҳати Мадриди Калон 1,2 ҳазор км2). Ба 18 ноҳияи маъмурӣ тақсим мешавад. Аҳолии шаҳр бо атрофаш 3,2 млн нафар (2018 сол).

Мадрид

Мадрид— узели калони нақлиёт. Аэропорти асосиаш Барахас. Дар Мадрид калонтарин идораҳои молия ва намояндагии иттиҳодияҳои монополистии Испания ва хориҷа воқеъ гаштаанд. Мадрид аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноат баъд аз Барселона дар ҷои дуюм буда, зиёда аз ҳиссаи маҳсулоти умумии мамлакатро медиҳад. Соҳаҳои муҳим — мошинсозӣ ва коркарди, металл, махсусан истеҳсоли воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти энергетикӣ, электротехникӣ ва электронӣ, саноати ҳарбӣ, асбобсозӣ. Аз соҳаҳои саноати сабук бештар пойафзолдӯзӣ ва дӯзандагӣ тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чӯбгарӣ, бофандагӣ, полиграфия низ мавҷуданд. Корхонаҳои саноатӣ асосан дар маҳалҳои Карабнпчель-Альто ва Карабанчель-Бахо, Вальенас. Вильяверде, Викальваро, инчунин дар шаҳрчаҳои ҳаволии Мадрид—Хетафе, Аранхуэс, Алькала-де-Энарес ҷойгир шудаанд.

Дар Мадрид аз ёдгориҳои меъморӣ ансамбли майдони Пласа Майор (1619), Қасри шоҳ (1738—64), Академияи шоҳии санъати нафиса «Сан-Фернандо» (1774 аз нав сохта шудааст) ва бисёр калисоҳо, маъбадҳо, фаввораҳо ва ғ. боқӣ мондаанд. Университет (аз 1508), Университети католикӣ, Университети автономии Мадрид, Коллегиуми шоҳии Мария Кристина, Консерватория, Мактаби санъати драма, якчанд академияҳо, ҷамъиятҳои илмӣ, институтҳои тадқиқотӣ илмӣ, расадхона, боғи ботаникӣ, 18 китобхона, музейҳо, театрҳо ва ғ. мавҷуданд. Аз соли 1919 метрополитен кор мекунад.

ДАР ХАРИТА

Дар асри 10 дар ҷои Мадрид Маҷирит ном қалъаи маврҳо мавҷуд буд. Соли 1083 арабҳо дар ҷанг қалъаро аз даст доданд ва соли 1118 Мадрид ҳуқуқи шаҳрро гирифт. Асрҳои 14—15 қароргоҳи шоҳони Кастилия. Аз соли 1561 пойтахти мамлакат. Соли 1868 дар Мадрид гурӯҳи Испании Интернационалӣ I барпо гардид. Соли 1920 дар ин ҷо Партияи Коммунистии Испания таъсис ёфт. Дар давраи Ҷанги миллию революционии солҳои 1936—39 Мадрид такьягоҳи асосии қувваҳои революционӣ буд. Мудофиаи қаҳрамононаи шаҳр аз фашистони исьёнгар ва интервентони Италияю Германия (ноябри 1936 — марти 1939) дар таърихи Ҷанги граждании Испания ҳамчун саҳифаи дурахшон сабт шудааст.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …