Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР БУХОРО

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР БУХОРО

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар Бухоро. Соли 1417 бо фармони Улуғбек сохта шудааст.

Меъмор — Исмоил ибни Тоҳир ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ. Бо вуҷуди нисбат ба мадрасаи Улуғбеки Самарқанд ҳаҷман хӯрд ва аз чиҳати банду баст соддатар буданаш, композицияи дақиқу мукаммал дорад. Кошикориву ҳотамкориҳояш ҳам хоксорона, вале хеле дилкашу назаррабост. Намои ёдгориро пештоқи муҳташами мунаққаш ва гулдастаҳо оро додаанд. Дар ду паҳлуи пештоқ ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор ҷой гирифтаанд, ки кошикорӣ буда, бо нақшҳои ҳандасӣ оро дода шудаанд. Дар  қафои ду кунҷи намои асосӣ биноҳои дарсхона ва масҷид ҷой гирифтаанд.

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР БУХОРО
СУРАТИ МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР БУХОРО

Дар болои гӯшаҳои асосӣ чоркунҷаи дарсхона нимгумбазҳо бароварда шуда, дар натиҷа, девор шакли ҳашттаркро гирифтааст. Дар болои ҳамин ҳашттарк (беустувона) гунбаз сохта шудааст. Ин усули биносозӣ навоварии меъморони нимаи аввали асри 15 аст. Дар се тарафи дигари ҳавлӣ қатори ҳуҷраҳои дуқабата ва ду айвони боҳашам ҳастанд. Рӯи ин биноҳо низ мунаққаш буда, бо кошиҳои рангоранг рӯкаш шудаанд. Аксар ҷои нақшҳо хароб гаштааст. Ҳангоми таъмири баъдина қисмҳои вайронгаштаи ороишоти пештара бо кошиҳои сифатаи, паст рӯкаш шудаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

МАКОН ДАР ХАРИТА


Т. Пӯлодов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …