Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар шаҳри Самарқанд. Як ҷузъи ансамбли Регистони Самарқанд. Cолҳои 1417—20 бо фармони Улуғбек сохта шудааст. Даромадгоҳи Мадраса бо пештоқи муҳташами мунаққаш ва ҳотамкорӣ зинат ёфтааст. Дар ду гӯшаи Мадраса ду гулдаста қомат оростааст. Девори намои асосӣ (ду пахлуи пештоқ) бо ду қатор тоқҳои ороииш зинат ёфта, се намои дигар ҳотамкорӣ шудаанд. Дар гирдогирди ҳавлии мураббаи Мадраса қатори ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор, дарсхонаҳои калони гунбазпӯш (дар чор кунҷи ҳавлӣ), чор айвон ва масҷиди зимистона ҳастанд.

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК
МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

Мадрасаи Улуғбек намунаи олии санъати ороишии меъморист. Изораҳои мармарӣ, хотамкориву кошикории девору манораҳо, гаҷкориҳои олии ёдгорӣ аз завқи баланди созандагонаш шаҳодат медиҳанд. Нақшҳои ҳандасаву муҳаббатии дар як иморат аз ҳам фарқ карда, ҳар кадом дорои ҳусни хосест. Катибаҳои Мадрасаи Улуғбек низ хеле назаррабо буда, бо як маҳорати том ба тоҷикӣ сабт гардидаанд. Мадрасаи Улуғбек таҷассуми комёбиҳои қариб якунимҳазорсолаи санъати меъмории Осиёи Миёна аст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат мебошад.

МАКОН ДАР ХАРИТА


У. Пӯлодов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …