Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАДРАСАИ ОЙИМ

МАДРАСАИ ОЙИМ

МАДРАСАИ ОЙИМ, ёдгории меъморӣ дар сари роҳи қадимаи Патар (ҳоло работи колхози Москваи pайони Конибодом). Соли 1824—25 сохта шудааст. Бинои росткунҷаест бо ҳавлии дарунии атрофаш маҳкам. Дарозии намои иморат 36,5 м ва паҳлӯяш 39,5 м.

Дар атрофи ҳавлии андозааш 17×20,5 м 25 ҳуҷраи гунбазпӯш ҷой гирифтааст. Вусъати ҳуҷраҳо 2,4 X 3,8 м буда, дохилашон тоқчаҳои зиёде доранд. Кунҷҳои намои иморат бо гулдаста оро ёфтааст. Қафасаҳои ин мавораҳо хароб гаштаанд. Дар ду тарафи даромадгоҳи асосии пештоқдор ду бинои гунбазпӯш воқеъ аст, ки девори дар тарафи намо будаи онҳо ба усули тоқдартоқ зннат ёфтааст.

Гунбази бинон шарқӣ осеб дида, танҳо як қисми устувонааш маҳфуз мондааст. Дар паҳлуи шарқии иморат айвони масҷиди тобистона воқеъ аст (дарозиаш 10 м ва бараш 6 м), ки аз он танҳо кунҷи шимолу шарқиаш маҳфуз мондааст. Сақфи айвон бо болор пӯшида шуда, мунаққаш аст ва он ба сутунҳои кандакории бошаашон муқарнасдор такья мекунад. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …