Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ, ёбдгории меъмории асри 17 дар мавзеи Ҷӯи Лабиҷар (Конибодом). Сохтмонаш солҳои 1659—60 анҷом ёфтааст. Ёдгорӣ дар баробари хусусиятҳои умумӣ доштан, ҷиҳатҳои хоси мактаби меъмории маҳаллиро низ таҷассум намудааст. Аз хишти пухта, дар ҷои барҳаво бино ефта, намои шимолиаш рӯ ба ҷониби роҳи калони шаҳр аст. Ин наморо пештоқи баланд ва гулдастаҳои қафасадор оро додаанд.

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

Асоси ёдгориро ду толори гуногунҳаҷми байнашон даҳлездор ташкил мекунанд. Ин даҳлези калон дар марказ, дар паси пештоқ ҷойгир буда, як долони васеаш ба ҳавлӣ ва ду долони хурди дигараш ба толорҳо мебарад. Як толор ҳамчун намозгоҳ ва дигараш ба сифати дарсхона истифода мешуд. Намозгоҳ бо гунбази қафасадор пӯшида шуда, шарафаҳои ғайриоддиаш ҷолибанд. Дарсхона нисбатан калонтар буда, ,13 ҳисоби тоқҳо васеъ гардонда шудааст. Гунбази он дар болои устувонаи ҳашттарки на он қадар баланд воқеъ гаштааст.

Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои гунбазпӯши муаллақадори андозашон 4,65X3,20 м ишғол кардаанд. Дар маркази тарафи ғарбии ҳавлӣ айвон (намозгоҳи тобистона)-и даҳсутунаи муҳташам бино ёфтааст. Мувофиқи санаи дар он сабтшуда айвонро соли 1335 ҳиҷрӣ (1016—17 м.) Муҳаммадшукури Наҷҷор сохтааст. Ин усули дар байни ҳуҷраҳо ҷой додани айвон, инчунин ба як композиции тобеъ кунондани се бинои номутавозӣ (ду толор ва даҳлез) дар ягон амалияи меъморӣ вонамехӯрад. Мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ аз намунахои нодири мадрасаҳои Тоҷикистон мебошад. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

А, Мирбобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …