Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Дар рӯбарӯи Масҷиди Калон, бо саъйи шайх Абдуллоҳи Яманӣ (лақабаш Мири Араб, аз ин рӯ чунин ном гирифтааст) бино шуд. Сохтмонаш солҳои 1535—36 анҷом ёфт. Бандубасташ анъанавист — аз ду толори мӯҳташами гунбазпӯш (дарсхонаву масҷид), чор айвони барҳаво ва қатори ҳуҷраҳои дуошьёна (111-то) иборат 401 аст. Намои асосиро пештоқи муҳташами кошикорӣ (нақшунигораш ҳоло ҷо-ҷо маҳфуз мондааст) оро додааст. Асоси композиции дарсхонаву масҷид ва гӯрхона (дар он Абдуллоҳи Яманӣ ва Убайдуллоҳхон дафн гардидаанд) мебошанд.

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

Интерьери толорҳову ҳуҷраҳо гаҷкориву хотамдорӣ шудааст. Косаи гунбазҳову нимгумбази тоқҳо муқарнаскорианд. Ҳоло дар бинои Мадраса Иттиҳодияи динии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҷойгир аст.

МАКОНИ МАДРАСА ДАР ХАРИТА

Ад.: Пугаченкова Г. А., Ремпаль Л. И., Выдающиеся памятники ахитектуры Узбекистана. Ташкент, 1058.
Т. Myҳиддинов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …