Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ХОҶАМАШҲАД

МАДРАСАИ ХОҶАМАШҲАД

МАДРАСАИ ХОҶАМАШҲАД, ёдгории меъмории асрҳои 9—12 дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳртузи Тоҷикистон. Ҳоло аз ин ансамбли муҳташам ду бинои гунбазу равоқдори ба ҳам пайваст (аз хишти пухта) ва дар паси онҳо вайронаи деворҳои хиштиву похсагӣ маҳфуз мондаанд. Ҳафриёти соли 1965 ва тадқиқоти минбаъда собит кардаанд, ки дар гирдогирди ҳавлии васеи Мадраса ҳуҷраҳои сершуморе бино ёфта буданд ва чор айвони аркбандии ба ҳуҷраҳо пайваст чор тарафи ҳавлиро оро медоданд. Аз онҳо танҳо айвони ҷанубӣ, ки дар паси ин ду бинои асосӣ аз хишти пухта сохта шуда буд, маҳфуз мондааст. Аз рӯи сохт ва усули ороиш метавон гуфт, ки Мадрасаи Xоҷамашҳад яке аз қадимтарин мадрасаҳои Осиёи Миёна буда, дар байни асрҳои 9—12 сохта шудааст.

МАДРАСАИ ХОҶАМАШҲАД,

Бинои дасти рост, ки дар аввал мақбараи алоҳида буд ва аз тарафи шарцқию ғарбӣ даромадгоҳ дошт, қисми қадимтарини ин ёдгорист ва тахминан асрҳои 9—10 буньёд гаштааст. Сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонҳо (аз хиштҳои моил чидашуда бино ёфтаанд), ки хоси меъмории асрҳои 9—10 мебошад, исботи ин фикр аст. Дертар аз тарафи ғарбиаш ба бино равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардид ва баъдтар дар шафати он толори гунбаздоре қомат орост, ки айнан ба бинои якум монанд буда, вазифаи масҷид ва баъдтар Мадрасаро  адо мекард.

Танҳо дарунаш бо усули ороишии асрҳои 11— 12 (гаҷкорӣ) зинат ёфта буд. Нақшунигори рӯи иморат ҳам дар ҳамин давр анҷом ёфтааст. Дар ду гӯшаи ин биноҳо гулдастаҳои начандон калон сохта шуданд. Дар тарафи муқобил (шимолӣ) низ ду бинои гунбаздори на он қадар калон (аз хишти хом ва похса) пӯшида шуд, ки айнан такрори композицияи қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл буд. Аз ин тараф низ даромадгоҳи пештоқдор гузошта буданд. Мадрасаи Xоҷамашҳад ҳамчун мадрасаи қадимтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази маданият будани Қабодиён шаҳодат медиҳад. Мадрасаи Xоҷамашҳад дар муҳофиэати давлат аст.

Ад.: Беленицкий А. М., Мавзолей у селения Салт. Материалы и исследования по археологии СССР, М 15, М.—Л., 1050.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …