Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мадрасаи Девонбегӣ

Мадрасаи Девонбегӣ

МАДРАСАИ ДЕВОНБЕГӢ, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро, ки бо ташабоуси вазири Имомқулихон Нодир Девонбегӣ бунёд гардидааст (1623). Мадрасаи Девонбегӣ аслан ба сифати корвонсарой сохта, баъдтар ба Мадраса табдил дода шудааст. Бинобар он дар Мадрасаи Девонбегӣ айвон, масҷид ва дарсхона барин ҷузъҳои хоси Мадраса нестанд. Чор тарафи онро ҳуҷраҳои хурди равоқдор ишғол кардаанд. Мадрасаи Девонбегӣ дуқабата буда, дар қисми шарқии ансамбли Лабиҳавз, ки ба он мадрасаи Кӯкалтош (охири асри 16), Хонақоҳи Девонбегӣ (1620), Ҳавзи Калон (1620) дохил мешаванд, воқеъ аст.

Мадрасаи Девонбеги

Алалхусус, боқимондаҳои кошикории пештоқи Мадрасаи Девонбегӣ, ки тимсоли оҳуҳо ва лаклакҳоро ҳангоми парвоз инъикос намудааст, диққатҷалбкунанда аст. Чунин тасвири мавҷудоти зинда дар ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёна ҳодисаи нодир аст. Дар ҳар ду тарафи пештоқ дар дар қабат сетогӣ айвони равоқдор мавҷуд аст, ки ба бино зинати иловагӣ мебахшанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

ДАР ХАРИТА

Ад.: Пугаченкова Г. А.. Ремпел ь Л. И., Выдающиеся памятники архитектуры Узбекистана, Ташкент 19S8; Пугаченкова Г. А., Самарканд, Бухара, М., 1961.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …