Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН, ёдгории меъмории охири асри 15 ва ибтидои асри 16 дар Тошкент. Дар аҳди Бароқхон (Наврӯз Аҳмад, ҳукмрониаш 1551—56) бино ёфтааст. Атрофи ҳавлии Мадраса бо қатори ҳуҷраҳо иҳота гардида, аз ду тарафи муқобил пештоқ гузошта шудааст. Пештоқи шарқӣ мӯҳташам буда, бурҷҳояш бо тоқҳои ороишиву ҳошияҳои назаррабо зинат ёфтааст. Пештоқи ғарбӣ низ мунаққаш аст. Гунбази 22-метраи тиловатнонаи Мадрасаи Бароқхон бо кошии фирӯзаранг пардоз ёфта, устувонаи баландаш (4,5 м) бо нақшҳои ҳандасиву китоба музайян шудааст.

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

Мадрасаи Бароқхон ду мақбараро низ дар бар гирифтааст (мадфани Бароқхон ва Суюнҷхон—ҳокими Тошкент). Нақшунигори интерьери иморат низ назаррабост: қисми болои девор гаҷкориву ҳалқорист. Изорааш аз порчаҳои кошии шашгӯша чида шудааст. Дар солҳои ҳокимияти Советӣ якчанд маротиба таъмир гардидааст. Услубан ба беҳтарин ёдгориҳои меъмории Самарқанд (Оқсарой, Ишратхона) наздик аст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …