Маълумоти охирин

МАДРАС

МАДРАС (Madras), шаҳри бандарӣ дар ҷануби Ҳиндустон, дар соҳили халиҷи Бангола. Маркази маъмурии штати Тамилнад. Аҳолиаш 2470 хазор нафар (г1971). Яке аз калонтарин шаҳрҳои Ҳиндустон (баъди Бамбай, Деҳлӣ ва Калкатта). Мадрас—маркази калони саноат, савдо, молия ва маданияти мамлакат. Узели муҳими нақлиёт. Мадрас, кӯчаи Моунтрод.

Аэропорташ Минамбаккам ном дорад. Канали киштигард шаҳрро бо резишгоҳи дарёҳои Кришна ва Годавари мепайвандад. Дар Мадрас ва атрофи он корхонаҳои истеҳсоли газвори пахтагни чарм, хӯрокворӣ, саноати химия, мошинсозӣ (заводҳои автомобилу вагонсозӣ), коркарди металл, истеҳсоли маҳсулоти нефту пластмасса мавҷуданд. Университет, Ҷамъияти географии Ҳиндустон, институтҳои тадқиқоти илмии математика, тиббӣ, киностудия, китобхонаи марказӣ (1896), Нигористони миллӣ, Музеи давлатӣ (1851), театр ва ғ. дорад-Буньёдаш соли 1639.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …