Маълумоти охирин

МАДОРИ

МАДОРИ ҷирми осмонӣ, масири ҷирми осмонӣ дар фазои Кайҳон. Шакли Мадории ҷирми осмонӣ ва суръати ҳаракати он бо қувваи ҷозиба, ничунин бо қувваи фитори рӯшноӣ, қуллаҳои электромагнитӣ, муқовимати муҳит, ки дар он ҳаракат ба амал меояд, қувваҳои мадду ҷазр, қувваҳои реактивӣ (дар мавриди ҳаракати ядрои кометаҳо) ва ғ. муайян мешаванд. Барои ҳаракати сайёраҳо, кометаҳо ва радифҳои сайёраҳо, инчунин ҳаракати Офтобу ситораҳо дар Галактика қувваи ҷозибаи ҷаҳонӣ роли ҳалкунанда мебозад. Дар қитъаҳои фаъоли мадори объектҳои маснуи кайҳонӣ дар баробари қувваҳои ҷозиба қувваи реактивии муҳаррикӣ аппарати париш аҳамияти ҳалкунанда дорад. Тамоюли мадор дар фазо, андоза ва шакли он, инчунин мавқеи ҷирми осмонӣ дар мадор бо бузургӣ (параметрҳое) муайян карда мешавад, ки элементҳои мадор ном доранд. Элементҳои мадори сайёра, комета ва радифҳои масвуъро аз рӯи мушоҳидаҳои астрономӣ дар се зина муайян мекунанд: 1) элементҳои ба ном мадори муқаддамотӣ бидуни ошӯби ҷирмҳои осмонӣ ҳисоб карда мешаванд, яъне масъалаи дуҷирм ҳал хоҳад шуд.

Ба ин мақсад аксар аз натиҷаҳои се мушоҳидаи ҷирми осмонӣ (координатаҳои се нуқтаи сфераи осмонӣ), ки дар муддати чанд рӯз ё чанд ҳафта ба даст омадааст, истифода мебаранд; 2) қиматҳои саҳеҳи Мадори муқаддамотӣ аз рӯи натиҷаҳои як қатор мушоҳидаҳои бардавом муайян карда мешаванд; 3) қимати мадори охирин ҳисоб карда мешавад, ки он бо натиҷаҳои ҳамаи мушоҳидаҳо мувофиқ меояд.

Дар зинаи якум мадор чун буриши конусҳо (эллипс, баъзан парабола ё гипербола) муайян карда мешавад, ки дар фокусаш ҷирми марказӣ воқеъ аст. Ин гуна мадорҳоро мадорҳои ором ё кеплерӣ меноманд, зеро ҷирмҳои осмонӣ мувофиқи қонунҳои Кеплер ҳаракат мекунанд. Шаш элементе, ки мадори ороми гелиоцентрии ҷирми осмонии Р-ро (расм) муайян мекунанд, инҳоянд:

1) Тамоюли мадор нисбат ба ҳамвории эклиптика <(0 < i < 180°).

2) Тӯли гиреҳи мадор Я (0 < < (| < 360°) — тӯли гелиоцентрии нуқтаест, ки дар он сайёра ҳангоми аз Нимкураи шимолӣ ба Нимкураи ҷанубӣ гузаштанаш эклиптикаро мебурад (гиреҳи фарози мадор). 3) Нимтири калони мадор а. Баъзан ба ивази а чун элементи мадор қимати миёнаи ҳаракати шаборӯзии ҷирм (камоне, ки ҷирм дар як шаборӯз аз рӯи мадор мегузарад) қабул карда мешавад. 4) Эксцентриентети мадор е. Агар  нимтири хурди мадор бошад, е = = Уа2—62/а аст. Баъзан ба ҷои эксцентриситет кунҷи он ф-ро қабул мекунанд, ки бо е чунин вобастата дорад: sin q> = е. 5) Масофаи перигелий аз гиреҳ (ё аз аргументи перигелий) <о — кунҷи байни гиреҳи фарози мадор ва самт ба перигелии мадор. 6) 3амон, яъне санае, ки сайёра дар нуқтаи муайяни мадор ҷойгир аст (мас., лаҳзаи t, ки сайёра аз перигелий мегузарад). Мавқеи сайёра дар мадор бо аргументи арзӣ (0 < и < 360° дар самти ҳаракати сайёра) ё аномалияи ҳақиқй и (масофаи кунҷии сайёра аз перигелий) муайян карда мешавад. Мадорҳои кометаҳо, Моҳ, радифҳои сайёраҳо ва ғ. низ бо чунин элементҳо муайян карда мешаванд.

Усулҳои классикии механикаи осмонӣ барои ҳисоб кардани мадори радифҳои маснуи Замин низ бо муваффақият истифода мешаванд.

Ад.: Эскобал П. Р., Методы определения орбит, пер. сангл., М., 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …