Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ

МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ

«МАДОР-УЛ-АФОЗИЛ» (номи дигараш «Фарҳанги мавлоно Илаҳдоди Сарҳиндӣ»), Фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Файз ибни Асадулуламо Алишери Сарҳандии Рифъат. Соли таълифаш 1593. «Мадор-ул-афозил» аз 28 боб (мувофиқи миқдори ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат буда, калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал (боб) ва аз рӯи ҳарфи охир (фасл) мураттаб шудаанд. Дар: «Мадор-ул-афозил» асосан луғоти тоҷикӣ, қисман арабӣ ва туркии дохили забони тоҷикӣ шарҳ ёфтаанд. Барои тафсири калимаҳо муаллиф аз эҷодиёти шоирони гуногун ва аз ашъори худ мисол овардааст.

Ба кадом забон тааллуқ доштани калимаҳо ба воситаи ишораҳо («айн»— £ арабӣ, «фо»—форсӣ, «то» —туркӣ) таъкид шудааст. Мусанниф фарҳангҳои форсӣ-тоҷикии «Зуфонгӯё», «Адаб-ул-фузало», «Ҳалли луғат-уш-шуаро», «Фарҳанги Иброҳимӣ», «Тӯҳфат-ус-саодат», «Муайид-ул-фузало» ва ғ., инчунин фарҳангҳои арабии «Сӯрох», «Муҳаззиб-ул-асмо», «Точайн», «Нисоб-ус-сибиён» ва ғ.-ро ба сифати маъхаз истифода кардааст. «Мадор-ул-афозил» зиёда аз 14 ҳазор моддаи луғавӣ дорад. Аз «Мадор-ул-афозил» луғатсозони баъдина, аз ҷумла мусаннифони «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ», «Латоиф-ул-луғот», «Мусталаҳот-уш-шуаро», «Фарҳанги Рашидӣ» ва дигар истифода кардаанд. Нашр:

Ҳ Рауфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …