Маълумоти охирин

Мадина

МАДИНА (арабӣ— шаҳр) – ин шаҳрест бо масоҳати 589 км² дар қисми шимолу ғарбии Арабистони Саудӣ. Дар вилояти Ҳиҷоз, 400 км. дуртар аз Макка , дар баландии 600 метр аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Ба воситаи роҳҳои автомобилгард бо шаҳрҳои Макка , Наҷаф (Ироқ), Аммон (Урдун), Янбо ва Ҷидда (бандарҳои соҳили баҳри Сурх) алоқаманд аст. Аэродром дорад. Аҳолиаш қариб 1,3 миллион нафар (2017сол) ва ин нисбати соли 1950 қариб 10 маротиба зиёд шудааст. Аҳолии шаҳр асосан бо тиҷорат, хизмат ба зиёратчиён ва тайёр кардани лавозимоти ибодат (тасбеҳ, ҷойнамоз, сарулибоси махсуси зиёратчиён) машғул аст. Як қисми аҳолӣ боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва хурмо парвариш мекунад.

Мадина

Санаи буньёди Мадина маълум нест. Дар замони қадим Ясриб (Ятриб) меномиданд ва аз ибтидои асрҳои миёна Мадина ном гирифт. Соли 622 Муҳаммад пайғамбар аз Макка ба Мадина кӯчида, дар ин ҷо ҷамоа (умма)-и мусулмононро ташкил кард, ки ба ин сабаб шаҳрро Мадинатуррасул ё Маддинатуннабӣ (шаҳри пайғамбар) ҳам меноманд. Аз асри 7 Мадина (баъди Макка ) зиёратгоҳи калонтарини мусулмонон қарор гирифт. Солҳои 632— 656 пойтахти хилофати араб.

ХАРИТАИ МАДИНА

Дар замони Умавиён ва Аббосиён маркази маъмурии Ҳиҷоз. Аз асри 10 тобеи Миср. Баъди Мисрро ба даст даровардани туркҳо (1517) аввал ба ҳайати Империяи туркҳои Усмонӣ ва баъдтар ба подшоҳии Ҳиҷоз (1019) ҳамроҳ карда шуд. Соли 1924 Мадинаро қӯшунҳои Ибн Сауд забт карданд. Аз соли 1932 дар ҳайати Арабистони Саудӣ, Аввалҳо атрофи Мадина бо девори баланд иҳота гардида, 8 дарвоза дошт, ки ҳоло онҳо вайрон шудаанд. Дар маркази Мадина, дар ҷои хонаи Муҳаммад пайғамбар, Масҷиди Калон (656) воқест, ки борҳо аз нав сохта шуд; намуди имрӯзааш баъди таъмири солҳои 1853—54 тағйир наёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …