Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАДҲ

МАДҲ

МАДҲ, (арабӣ  — таъриф, тавсиф). яке аз қисмҳои қасидаи мадҳӣ (ниг. Қасида). Шоир баъди сурудани муқаддима ба таърифу тавсифи мамдӯҳ мегузарад, ки ҳамин қисмро Мадҳ меноманд. Мадҳ ҷузъи асосии қасидаи мадҳӣ буда, шоир кӯшиш мекунад тамоми сифатҳои мамдӯҳро бо суханони дабдабанок баён созад. Азбаски мавзӯи Мадҳ хеле маҳдуд аст, қасидаҳои мадҳии аксарияти шоирон якранг менамояд.

madh

Баъзан Мадҳое вомехӯранд, ки шоирон тавассути он мамдӯҳ худро панд додаанд.

У. Тоиров,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …