Главная / Илм / Мадду ҷазр

Мадду ҷазр

МАДДУ ҶАЗР – ин ҳаракати рафту омади ҷисмҳои заминӣ бар асоси таъсири қувваҳои ҷозибавии Офтобу Моҳтоб ба миён меомадаро меноманд. Мадду ҷазр чанд намуд мешавад, ки ҷумлаи онҳо:

Лаппишҳои давони сатҳи Уқёнуси олам (Мадду ҷазри баҳрӣ),
Деформацияи Замин (Мадду ҷазри заминӣ),
Лаппишҳои фишори атмосфера (Маддду ҷазрии атмосферӣ).

maddu_jazri_bahr

Агар оддӣ карда гӯем, пас «Мадду ҷазри баҳрӣ» ин омадани об ба соҳил ки онро МАДД мегӯянд ва рафтани об аз соҳилро ҶАЗР меноманд. Ҳодисаи Мадду ҷазри баҳрӣ дар як шабонарӯз 2 маротиба ба вуқуъ омада ҳангоми пайдо шудани моҳ дар осмоне ки мо онро мебинем ҳаракати оби уқёнус ба суи моҳ ба вуқуъ мепайванд. Дар ин замон дар муқобили замин ҳам ҳодисаи Мадду ҷазр ба вуқуъ мепайвандад, ки сабабаш дар он ки моҳ бо қувваи худ обро ба суи худаш мекашад.

Маду ҷазрро ба забони руссӣ «Прилив и отлив» меноманд. Қувваҳои ҷозиба ҳангоми ба қувваҳои ҷозибаи Моҳ ва Офтоб ҷамъ шудани қувваҳои марказгурези чархзании системаҳо Замин-Моҳ ва Замин-Офтоб ба вуҷуд меояд. Зӯртарини ин қувваҳо — қувваи ҷозибаи Моҳ хусусиятҳои асосии ҳодисаи Маддду ҷазриро муайян мекунад. Қувваи ҷозиба дар пункти Z-и Замин, ки дар он ҷисмҳои барангехта дар зенит воқеанд, калонтарин ва дар пункти диаметраи муқобил N (надир) хурдтарин мебошад. Дар пунктҳои Z ва N он қувваҳои маддовар, ки қад-қади радиуси Замин самт мегиранд, қувваи вазнро кам, дар пунктҳои А ва В зиёд мекунанд; дар пунктҳон дигар С, D, Е ва F ин қувваҳо чун расанда ба сатҳи Замин самт доранд. Бо таъсири қувваҳои маддовар оби Уқёнуси олам ба суд пунктҳои Z ва N самт мегирад, сатҳи об дар атрофи ин пунктҳо баланд мешавад (мадд).

Дар минтақае, ки хати марказии он аз пунктҳои А ва В мегузарад, сатҳи об паст мешавад (ҷазр). Ҳар лаҳза дар уқёнус 2 мадд ва 2 ҷазрро мушоҳида кардан мумкин аст. Кӯчиш, амплитуда ва характери Мадду ҷазри ба даврзании Замин, мавқеи нисбии Замин, Моҳ ва Офтоб, арзи географӣ ва шароити маҳал (умқи баҳр, характери соҳил ва ғайра.) вобаста аст. Мадд мавриди дар як хати рост (сизигия) воқеъ гардидани Замин, Моҳ ва Офтоб калонтарин ва мавриди кунҷи 90°, (квадратура) – ро ташкил кардани Моҳ Замин ва Офтоб хурдтарин мебошад. Маддҳои нимшаборӯзӣ, ки дар давоми шаборӯзи моҳтобӣ (24 с. 50 дақитқа) ду мадд (баландобӣ) ва ду ҷазр (пастобӣ) иваз мешаванд, маддҳои шаборӯзӣ, ки дар ин муддат як мадду як ҷазр иваз мешаваид ва маддҳои нодуруст ё муштарак мавҷуданд.

Мадду ҷазри баҳрӣ

Маддҳои ин шаборӯзӣ ва нодуруст маъмултаранд. Дар уқёнуси кушод Мадду ҷазри хурд аст ва лаппиши сатҳи об то 1 метр мерасад; он дар баҳрҳои соҳили баҳр ҳам хурдтар (массаи лаппиши сатҳ дар баҳри Сиёҳ то 13 см, дар халиҷи Финни баҳри Балтик то 4,8 см) аст; баландии мадд дар халиҷҳои танг калонтарин (маса дар халиҷи Фанди Американ Шимолӣ то 18 м, дар халиҷаки Пенжинп баҳри Охот то 13 метр) мебошад. Баландии муқаррарии мадд назди соҳилҳои уқёнус 2—4 метр мешавад. Мадду ҷазр минтақаи наздисоҳилии қитъаҳоро дигаргун мекунад. Дар соҳил минтақаи махсусе пайдо мешавад, ки онро гоҳ-гоҳ об пахш мекунад ва ҳаётгузаронии организмҳои ин минтақа шароити махсуси экологӣ дорад. Аҳамияти мадд барои бандарҳои баҳрӣ дар резишгоҳи дарьёҳо калон аст. Энергияи мавҷҳои мадд дар стансияҳои электрик мадди (СЭМ) истифода мешавад.

Маддҳои атмосферӣ тағйири даврии курси атмосфераро ба амал меоранд. Махсусан, мавҷи давраш 12 соат бештар такрор меёбад. Амплитудаи он дар минтақаи назди экватор ба қимати калонтарини худ мерасад. Ҷисми сахти Замин бо таъсири қувваҳои маддовар деформация мешавад. Маддҳои «ҷисми сахти Замин (ки то 0,25 метр мешаванд) бо роҳи таҳлили мавҷҳон маддӣ ва гидросфера, омӯзишн ивазшавии майдони гравитационии Замин, моилиҳои сатҳи Замин нисбат ба хати шоқул, васеъшавӣ ва фишурдашавии қишри замин, номунтазамиҳои чархзании Замин ва дигар усулҳо тадқиқ карда мешаванд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ МАДДУ ҶАЗР

Мутафаккирони асримиёнагии халқҳои Шарқи Наздику Миёна Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ, Алоуддини Қушчӣ ва дигарон, мадду ҷазр раъду барк ва барфу борон барин ҳодисаҳои табииро ғолибан материалистона таъбир намуда, доир ба ҳалли саҳеҳи масъалаи мазкур дар асрҳои миёна саҳми босазо гузоштаанд.

Инчунин кобед

21155170584_2b5f3058cc_o

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …