Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ, ёдгории меъморӣ дар Тошкент, Солҳои 50 асри 16 дар аҳди Бароқхон бнио ёфтааст. Дар қисми шаҳристон рӯ ба майдони Чорсу (ҳоло Охунбобоев) воқеъ аст. Ба Мадрасаи Кӯкалтош Бухоро қаробат доштанаш аp он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтмони ин ансамбл меъморони бухороӣ иштирок доштаанд. Баландии умумии ин мадрасаи дуқабата (бо пештоқу гунбазҳояш) қариб 20 м буда, дар ҷои баланд бино ёфтанаш ҳашамати онро боз ҳам афзудааст. Намои иморат бо пештоқи мӯҳташам оро ёфта, ду паҳлӯяшро ҳуҷраҳои дуқабатаи пешашон равоқтоқдор ва ду гӯшаи иморатро гулдастаҳои мӯҳташам ишғол кардаанд. Мадрасаи Кӯкалтош ибтидои асри 18 ҳамчун Мадраса аҳамияташро гум карда, ба корвонсарой табдил ёфт.

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ
Сурати “МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ” дар ш. Тошкент

Азбаски дар сохтмони Мадрасаи Кӯкалтош масолеҳи сифатан пастро (фақат рӯяш бо хишт рукаш шуда, байни девор бо лою шағал пур карда шудааст) истифода бурдаанд, иморат солҳои 30 асри 19 хеле хароб гашт. Солҳои 90 асри 19 Мадрасаи Кӯкалтош барқарор карда шуд, вале он аз зилзилаҳои минбаъда боз осеб дид. Меъморони тармимгари советӣ дар асоси қисмҳои боқимонда, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва тадкикотӣ Мадрасаи Кӯкалтошро пурра барқаpop карданд.

Ҳоло Мадрасаи Кӯкалтош шакли аввалаашро гирифтааст. Ду толори паси пештоқ (дар гузашта масҷид ва дарсхона) асосӣ чоркунҷа дошта, гунбазпӯшанд, кунҷҳояшон аз ҳисоби тоқҳои чуқур васеъ карда шудаанд. Паҳлӯҳои ҳавлиро ду айвон ишғол кардааст. Пештоқ аз баъзе қисмҳои иморат бо усули гиреҳ кошикорӣ шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …