Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти замонбобо

Маданияти замонбобо

МАДАНИЯТИ ЗАМОНБОБО – маданияти давраи биринҷ, ки ба нимаи якуми ҳазораи 2 то мелод мансуб аст. Аз номи ёдгории дар наздикии кӯли Замонбобо воқеъгашта гирифта шудааст. Ёдгориҳои Маданияти Замонбобо аз бошишгоҳ ва қабристон иборат буда, аз маркази ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро 15 километр дар самти шимолу ғарбӣ воқеъ гардидааст. Маданияти Замонбобо осори маҳаллии қадимтарини қабилаҳои зироаткору чорводор ба шумор меравад.

Кадима кофтукоби хонахо

Аз маҳалли Замонбобо як таҳхонаи сатҳаш 170 метри мураббаъ, ду коза (чайла), дош (хумдони кӯлолӣ) ва дигар чизҳо ёфт шуд. Барои аз обхезиҳо муҳофизат кардани маҳал самти чапи шарқии он бо девори хеле баланд иҳота шудааст. Ҳангоми ҳафриёт аз таҳхона ва дигар ҳудуди маҳал осори оташдони вайрона чуқурчаҳое, ки сутунҳо гузошта мешуданд, устухони гӯсфанд, буз ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, донаҳои сиёҳи гандуму ҷав, боқимондаи наю хошок, шикастапораҳои дастос, пораҳои дос аз санги чақмоқ ҳар гуна минчоқҳо аз сангҳои қиматбаҳо ва ғайра ёфт шуд.

Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки сокинони ин маҳал бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Академики АФ Ӯзбекистон М. Ғ. Ғуломов солҳои 1950—51 ва 1953—54, археолог А. А. Аскаров солҳои 1961— 64 дар қабристони Замонбобо ҳафриёт гузарониданд. Боқимондаи 43 қабр омӯхта шуд. Қабрҳо лаҳаддор буда, майитҳоро тавре гӯронидаанд, ки мисли тифли дар шиками модар буда, пою дастонашонро дарҳам кашида, ба паҳлӯи рост ё чап хобидаанд. Майитҳо танҳо, дунафарӣ ва баъзан сенафарӣ (мард, зан ва кӯдак) гӯронида шудаанд. Дар як қабр дубора гӯронидани онҳо низ мушоҳида гардид. Дар қабрҳо аслиҳаи гуногун ва либосҳои марҳум ҳам гузошта шудаанд. Аз қабри мардон бештар пайкон, олоти кордмонанд ва ғайра аз қабрҳои занон минчоқҳои гуногун аз сангҳои қиматбаҳо, марҷони тилло, оина ва дигар чизҳо, инчунин зарфҳои гуногуни сафолии бенақшу нигор, аз як қабр ҳайкалчаи сафолии олиҳа ёфт шуд. Ба ин ҳайкалчаи олиҳа шояд ҳамчун рамзи фаровонҳосилӣ эътиқод дошта бошанд.

Аз қабристон ёфт шудани минчоқҳои аз лаъли Бадахшон сохташуда, зарфҳои сафолии қабилаҳои деҳқонӣ Туркманистони Ҷанубӣ ва чизҳои дигар далели он аст, ки қабилаҳои Маданияти Замонбобо бо қабилаҳои ҳамсоя робитаҳои иқтисодӣ ва маданӣ доштаанд. Маданияти Замонбобо мероси моддӣ ва мадании як авлод ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …