Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Истаравшан

Маданияти Истаравшан

МАДАНИЯТИ ИСТАРАВШАН –  маданияти вилояти таърихӣ ва мадании Истаряишан, ки дар байни дарёи Сир ва қаторукӯҳҳои Ҳигор, шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд воқеъ буд. Ҳудуди мазкур замони қадим қисми Суғд буда, дар пивали асрҳои миёна ба давлати хурди мустақил табдил ёфт, ки дар он афшинҳо ҳукм меронданд (пойтахташ ш. Бунҷикат). Асоси иқтисодӣ-иҷтимоии ҷамъияти Истаравшанро деҳқонӣ, чорводорӣ, маъданҳосилкунӣ, ҳунармандии мутараққӣ ва сохти мустақили давлатдорӣ ташкил медод, ки он боиси инкишофи пуравҷи маданият гардид. Дар ин бора тадқиқоти археологии Экспедицияи комплексии шимоли Тоҷикистони Институти таърихи АФ Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир шаҳодат медиҳад.

Расми Куҳи муғ дар Истаравшан
Расми Куҳи муғ дар Истаравшан

Барои ҷамъияти Истаравшани ибтидои асрҳои миёна ҷиҳатҳои зерин хосанд: равнақи шаҳрҳо дар асоси тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ, ривоҷ ёфтани савдои дохилӣ ва байни вилоятҳо (хусусан бо Суғд, Чоч ва Фарғона), марказонидани ҳаёти деҳот дар касабаҳо ва работҳои алоҳида дар асоси инкишофи босуръати хоҷагии қишлоқ (хусусан зироати обӣ ва чорводории айлоқӣ); қувват гирифтани омезиши маданияти маҳаллии анъанавии шаҳру касабаҳои аҳолинишини Истаравшани давраи атиқа бо унсурҳои нави маданияти асримиёиагии ашрофи феодалгашта, зироаткорон ва ҳунармандон. Маданияти Истаравшан бо унсурҳои беҳтарини маданияти умумисуғдӣ, ҳиндуэронӣ, шарқиназдику баҳримиёназаминӣ ва асиси маркӣ бой гардида, дар навбати худ, ба онҳо таъсири калон расонд (мас., таъсири санъати мусиқии Истаравшан ба санъати мусиқии Хитоӣ).

Аз маданияти моддии Истаравшани асрҳои 7—10 осори биноҳо ва иншооти ҳарбию мудофиавӣ — қасрҳои ҳокимон, кушкҳои ашрофи шаҳру деҳот, биноҳои истеҳсолии шаҳриён, биноҳои иқоматӣ ва хоҷагии касабаҳо, иқоматгоҳи ҳарбиён, ибодатгоҳҳои тоисломии шаҳру қасру кӯшкҳо, масҷиду мақбараҳои ибтидои давраи ҷорӣ шудани ислом ва ғ. боқӣ мондаанд, ки ҳар кадоми он аз ҷиҳати сохту нақша хусусияти хосе дошт. Санъати меъмории Истаравшан бо гуногунии шакл, нақшаи биноҳо ва унсурҳои алоҳидаи бинокорӣ ҷолиби диққат аст. Ҳафриёти ду қаср дар Қалъаи Қаҳқаҳаи 1 ва 11 нишон дод, ки ҳар як иморат аниқ ба нақша гирифта шудааст, қисмҳои алоҳидаи биноҳо аз якдигар фарқ доранд. Аз ҳафриёти дар ҳавзаи Шаҳристонсой ду хели биносозии деҳавӣ ба назар мерасад: 1) кӯшки нақшааш мураккаби ба худ хос — меҳмонхона, утоқи хилват, ибодатгоҳ, бинохои хоҷагӣ, даҳлезҳо дорад, шифту сутунҳою дарҳояшои кандакорӣ ва деворҳошон мунаққаш (Чилҳуҷра, Уртақурғон); 2) кӯшкҳои оддии дорои хонаҳои долонмонанд, ки дар теғаҳои теппаю кӯҳ (Тирмизактеппа) сохта шудаанд ё кӯшкҳои ҳавлидор бо дарвозахонаҳое, ки дар мавзеъҳои ҳамворӣ (Тоштемиртеппа) бино ёфтаанд ва ҳамчун истеҳком хизмат мекарданд.

Ҳоло чор намуди биноҳои иқоматии шаҳриёни Истаравшан муайян гардидааст: 1) бинои васеи дароз, ки одатан бо деворҳои дохилӣ ба се Қисм — андарун, миёна ва айвон тақсим мешуд (объектҳои II ва Ш-и Қалъаи Қаҳқаҳа 1); 2) маҳалла аз биноҳои хурди ҳамшафат, ки даҳлез, ду-се хона ва ҳар кадом аз тарафи кӯча дарвозаи алоҳида дошт (объекти VI Қалъаи Қаҳқаҳа I); 3) маҳаллаи назди майдони шаҳр иборат аз ҳавлиҳои алоҳидаи нақшааш махсуси дорои айвон, долон, меҳмонхонаи суфадор, шифту сутунҳои кандакорӣ, деворҳои мунаққаш (Қалъаи Қаҳқаҳа); 4) бинои калони мураббаъ, ки дар атрофи толори марказии он бисьёр хонаҳои якхелаи иқоматӣ сохта мешуданд, ки як долону дари умумӣ дошт (Чилдухтарон).

Дар натиҷаи ҳафриёти Қарабулоқ ва Хоняйлов осори нақшаи биноҳои иқоматӣ ва хоҷагии касабаҳо ёфт шуд. Дар Хоняйлов ду хели иқоматгоҳ кушода шуд: биноҳои серхонаи саҳнашон васеъ ва хонаҳои алоҳидаи бесаҳн. Аз кӯшкҳои Уртақӯрғон, Чилҳуҷра ва қасри Қалъаи Қаҳқаҳа 1 ибодатгоҳҳои тоисломӣ ёфт шудааст. Ибодатгоҳи Уртақӯрғон аз ду қисм — хонаи мураббаи бомаш гумбазшакл ва айвони хурде иборат аст, ки аз он ба долони марказии кӯшк роҳ ҳаст. Ибодатгоҳи Чилҳуҷра дар ошьёнаи дуюм воқеъ гашта, аз як хоначаи бомаш гумбазшакли даромадгоҳаш танг иборат аст. Маъбади Қалъаи Қаҳқаҳа низ як хонаи дарозе буда, ду даромадгоҳ ва эҳтимол ток ҳам дошт. Осори масҷиду мақбараҳои ибтидои ҷоришавии дини ислом ҳоло дар Чилдухтарон ошкор карда шудааст. Дар ин ҷо ду хели масҷид ва мақбараҳо ба назар мерасанд. Саҳни масҷиди хурд чоркунҷа, худи бино ду сутун ва дар девори ғарбӣ мeҳpoб бо хишти пухта рӯйбаст шудааст. Саҳни масҷиди ҷомеи дуюм хеле калон буда, ба ҳарфи «Г» монанд, сутунҳояш бисёр ва меҳробаш хурд бошад ҳам, бо гаҷу нақшаҳоро ёфтааст. Ду хели мақбара ба назар мерасад: мақбараи болопӯши гумбазшакли аз санг ва хишти пухта сохташуда ва мақбараи кушод, ки иборат аз майдончаи бо девори паст иҳоташудаи мураббаъ ва росткунҷаи сангфаршшуда.

Аксарияти иншооту биноҳои Истаравшан аз похса ё хишти хом бунёд гардидаанд. Усулҳои гуногуни похсазанӣ ва хиштчинӣ истифода бурда шудаанд. Хонаҳои калон бомҳои чӯбу гилин, хонаҳои хурдтар току гумбазҳо доштанд. Комёбиҳои муҳими меъморӣ — ихтирои роҳравҳои байни қабатҳои поёну болои бино аст (пағнa), ки дар Истаравшан ду хел буд: 1) оддии безинаи зонушакли токдор, 2) мураккаби росткунҷаи доирашакли тоқдор, ки дар атрофи сутуни мудаввари похсагину хиштии печ дар печ боло мебарояд.

Санъати тасвирии Истаравшани асрҳои 8—9 хеле бой ва гуногунсоҳа буд. Дар ороиши қасрҳо, кӯшку биноҳо нақшхҳи наботию ҳандасӣ ва манзараҳо аз ҳикояти даврӣ, эпикӣ-қаҳрамонӣ, асотирҳо ва ғ. мақоми калон доранд. Осори меъморон, кандакорон (сутун, толор, арақа, дару дарвоза ва қисмҳои алоҳидаи онҳо, панҷараҳо, маҳслуоти сафолӣ, хишти пухтаи гуногуншакл) хеле бой ва пурмазмун аст. Пойтахти Истаравшан—Бунҷикат маркази бузурги санъати меъморӣ ва амалӣ буд. Дар Истаравшани ибтидои асрҳои миёна дар истеҳсоли маснуоти сафолину фулузӣ ва дигар соҳаҳои ҳунармандӣ комёбиҳои калон ба даст оварда шудаанд.

Анъанаи маданияти маънавии Истаравшани аввали асрҳои миёна низ бой ва гуногун буд. Ба маданияти Истаравшан таъсири беруна зиёд набуда, он маркази ривоҷу равнақи маҳз анъанаҳои мадании маҳаллӣ буд. Дар ин бобат манбаъҳои хаттӣ, ёдгориҳои археологӣ ва санъати тасвирии Истаравшан шаҳодат медиҳанд.

Маъхазҳои хаттии асрҳои миёна дар бораи «дини сафед» бо китоби асосии он Заравах ва бутсой чӯбини тоиосломӣ маълумот медиҳанд. Чунин бутҳо дар қасру кӯшкҳои Истаравшан ва Бутам, дарбори афшин Гайдар дар Самара мавҷуданд.

Дар топонимикаи Истаравшан бисёр номҳое ҳастанд, ки дар таркибашон калимаи «муғ» (оташпараст)-ро доранд. Ҳафриёти археологӣ дар Чилҳуҷра бутҳои чӯбин, дар Октеппаи ноҳияи Нов «оташкада», дар Чоршохатеппаи назди Шаҳристон дахма, дар наздикии Куркат дахмаҳои қабати кӯҳӣ — Ширин ва бисёр дафнҳои хумӣ ва устадониро дар районҳои дигари Истаравшан ошкор кард. Ҳамаи онҳо дар бораи унсурҳои маҳаллии зардуштия шаҳодат медиҳанд, ки дар он элементҳои зардуштия, бутпарастӣ ва ғ. ба ҳам омехта шудаанд. Мавзӯъҳои динӣ дар санъати наққошӣ низ акс ёфтаанд.

Дар маданияти маънавии Истаравшан анъанаҳои дунявии эпикӣ-асотирӣ дар бораи Некӣ ва Бадӣ, Равшан ва Зулмот, ғалабаи Некӣ бар Бадӣ, ҳикоят дар хусуси Кова, Фаридун, Суруш, Заҳҳок, кӯдакони сағираи ҳайвонот калонкарда, саравлоди хонадони подшоҳон, образи «мутрибаи _ фалак» — Зӯҳраи чангнавоз, парӣ Сирин ва ғ. хеле машҳур буданд, ки дар санъати рассомӣ, кандакорӣ ва ғ. акс ёфтаанд.

Маданияти аввали асрҳои миёнаи Истаравшан, ки ёдгориҳои гуногунаш ба даст омадааст, соф маҳаллӣ, анъававӣ, бой ва серошоха буда, дар байни анъанаҳои мадании Осиёи Миёна ва Шарқ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Маданияти Истаравшан аз рӯи шакл ва мазмун ба маданияти Суғд хеле наздик буда, ҳатто як қатор унсурҳои якхела доранд, ки дар натиҷаи ҳафриёти Панҷакент ва Самарқанд маълум гардиданд. Дар ин бора аз ҷиҳати таърихӣ умумият доштани инкишофи зтникию лингвистии Суғд ва Истаравшан низ гувоҳӣ медиҳад. Taҳқиқи ёдгориҳо дар қатори маданияти ашроф (қасру кӯшкҳои пуршукӯҳ) анъанаҳои маданияти шаҳриёни оддӣ (аз ҷумла ҳунармандон) ва сокинони деҳотро ошкор сохт, ки онҳо роҷеъ ба муайян намудани моҳияти ҳақикии комёбиҳои Маданияти Истаравшан аҳамияти калон дорад. Маданияти Истаравшан ба маданияти ташаккулёбандаи давраи асрҳои миёнаи халқи тоҷик ҳамчун қисми таркибӣ дохил шуд.

Ад.: Неъматов Н. Н., Асрори Истаравшан, Д., 1972; ҳамон муалл., Усрушанав древности и раннем средневековье, «Тр. АН Таджикской ССР», т. 55, Сталинабад, 1957; ҳамон муалл., Разное панно дворца афшинов Уструшаны, дар кит.: «Памятники культуры. Новые открытия. Ежегодник 1976». М., 1977; Негматов Н. Н. и др. Средневековый Шахристан, Д., 1966 Негматов Н. Н., Пулатов У. П. и др. Уртакурган и Тирмизактепа, Д., 1973; Негматов Н. Н., Соколовский B. М., «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии, «Памятники культуры. Новые открытия. Ежегодник 1974», М., 1975; Пулатов У. П., Чильхуджра, Д., 1975. Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …